Санаи 29 марти соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П., муовини якуми раиси Бойзода Т.Г., муовини раис Муҳидинзода С.С., судяҳои суди вилоят ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон (минтақаи Бохтар) машғулияти семинарӣ дар моҳи март доир гардид. Дар семинари
Month: Март 2019
Санаи 29 марти соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон бо иштироки Раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П., судяи Суди вилояти Хатлон Олимзода У.Р. ва сардори Раёсати суди вилоят Нуриддинзода А.А. машғулияти семинарии кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар машғулияти мазкур ҳамаи кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳру
23.03.2019 10:23, шаҳри Бохтар Ҳамватанони гиромӣ! Устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни азиз! Ин лаҳзаҳо, ки дар сартосари Ватани маҳбубамон тантанаҳои наврӯзӣ идома доранд, кулли мардуми сарбаланди вилояти Хатлон, аз ҷумла сокинони шаҳри Бохтар ва ҳамаи шумо – устодону омӯзгорони гиромӣ ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусравро ба ин муносибат табрик мегӯям.
Ба муносибати ҷашни Наврӯз ва бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои маъмурии суди вилоят Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 15 метр барафрохта шуд. Парчами давлатӣ ин яке аз нишонҳои муқаддаси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, рамзи мустақил ва соҳибистиқлол будани Ҷумҳурии
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз ва омодагиҳо ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди вилояти Хатлон таъмири бино ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 15 метр гузаронида шуд. Дар таъмир қисмҳои асосии бино аз қабили дари асосии даромадгоҳи бинои суди вилоят ва тирезаҳо иваз каррда шуда,
Рузҳои шанбе аз бо супориши роҳбарияти Суди вилояти Хатлон дар саҳни ҳавлии суди вилоят бо иштироки кормандони суди вилоят шанбегӣ гузаронида шуд. Дар шанбегии мазкур бо ташаббуси раиси суди вилоят Мирзозода Р.П. зиёда аз 1000 ниҳоли гулҳои гуногуни садбар ва гулҳои ороишӣ шинонида шуда, саҳни ҳавлии суди вилоят тозаву озод карда шуда, дарахтон рангу […]
Тибқи супориши роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти суди вилоят бо мақсади ободонӣ ва тозаву озода нигоҳ доштан дар Суди вилояти Хатлон мунтазам шанбегиҳо бо иштироки тамоми кормандони суди вилоят гузаронида шуда истодааст. Дар шанбегҳои мазкур тамоми дарахтони суди вилоят рангу бор карда шуда, дар гирду атрофи суди вилоят гулҳои гуногун шинонида шуд.
Имруз дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон Раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П. ҷавондухтарону занҳое, ки дар суди вилоят кору фаъолият мекунанда бахшида ба Рӯзи модарон табрик намуда, барои онҳо дар корҳояшон бурдбориҳо, хушбахтӣ дар зиндагиашон ва муваффақиятҳоро таманно намуданд. Инчунин роҳбарияти суди вилоят модарон тамоми кормандонро бо Рӯзи модар табрик