Ҷазо барои барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ
11 ноябри соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон сокини шаҳри Норак Қутбидинзода Кадриддин Фархудини 19 сола бо ҳукми суди вилоят бо моддаи 189 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ се сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми умумӣ таъин карда шуд.
Ҳамзамон дар асоси сархати дуюми моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 25 октябри соли 2019, таҳти №1648 муҳлати адонагардидаи ҷзо нисбати Қутбидинзода Қадридин Фархудин аз ду як ҳисса кам карда шуд.