ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА «РӮЗИ ҶАВОНОН»
Санаи 22 майи соли ҷорӣ дар толори Кохи фарҳангӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба «Рӯзи ҷавонон» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Саид Давлаталӣ, раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор ва дигар роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ иштирок намудан.
Чорабиниро Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Саид Давлаталӣ ҳусни оғоз бахшида, тамоми ҷавонони вилояти Хатлонро бо Рӯзи ҷавонон табрик намуда, ба онҳо бурдбориҳоро дар фаъолияти минбаъдаашон таманно намуд.
Дар чорабинии фарҳангии мазкур як қатор ҷавонони фаъоли вилояти Хатлон бо ифтихорномаву сипосномаҳои Раиси вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.
Баъди сарфарозгардонии ҷавонони болаёқати вилояти Хатлон барномаи фарҳангӣ доир гардида, дар он ҷавонони санъаткори вилояти Хатлон баромад намуданд.