Машғулиятҳои семинарии кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар моҳи феврали соли 2020

Санаи 28 феврали соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон бо иштироки раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, сардори Раёсати суди вилоят Нуриддинзода А.А., мутахассисони суди вилояти Пирмуҳаммадзода С.Н. ва Холов И. машғулияти семинарии кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон баргузор гардид.

Раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П. машғулиятро оғоз намуда, дар он тибқи нақшаи кории машғулиятҳои семинарӣ барои нимсолаи якумми соли 2020 дар мавзӯҳои гуногун шахсони вобасташуда баромадҳо доир намуданд.

 

Хусусан дар машғулияти мазкур раҳимзода У.-котиби маҷлиси судии Суди ноҳияи Кӯшониён, Расулзода А.-котиби маҷлиси судии Суди шаҳри Бохтар, Саидова У.-мутахассиси Раёсати Суди вилояти Хатлон, Вализода Ҷ.-котиби маҷлиси судии Суди ноҳияи Хуросон ва Зиёев А.-пристави судии Суди шаҳри Норак дар мавзӯҳои «Қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, «Омӯзиш, мазмун ва муҳтавои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботи вакилон ва маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ. дар қисми тартиби овоздиҳӣ ва ҷамъбасти натиҷаи интихобот», «Қабул ва баҳисобгирии шикоятҳои кассатсионӣ, хусусӣ , эътирозҳо»,  «Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои котиби маҷлиси судӣ (тибиқ Дастурамалӣ мансабӣ)» ва Тартиби баргузории интихоботи вакилони ҷамоат шаҳрак ва деҳот баромад намуданд.

Дар машғулияти мазкур раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П.,баромад карда,  ҳамаи кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро таъкид карда, ки дар кори худ пурмасъулият буда, саривақт ва бо сифат вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо иҷро карда, ба кирдорҳои пастзанандаи шаъну шарафи ҳокимияти судӣ, алалхусус ба кирдорҳои характери коррупсионидошта даст назананд. Бо шаҳрвандон хушмуомила буда, байни худ эҳтиром пайдо кунанд.