Тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, гражданӣ, мурофиавии гражданӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  1. Дар ном ва қисми 1) моддаи 121, ном ва қисми 1) моддаи 122 ва банди в) қисми 3 моддаи 130 калимаҳои «трансплантация» ва «трансплантатсия» ба калимаи «пайвандсозӣ» иваз карда шаванд.
  2. Дар моддаи 1301:

– ном ва диспозитсияи қисми 1 моддаи 1301 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

«Моддаи 1301.  Савдои одамон

  1. Хариду фурӯши одам ва ё нисбат ба ӯ анҷом додани дигар аҳдҳои ғайриқонунӣ, ҳамчунин, новобаста аз розигии қурбонӣ, бо мақсади истисмори ӯ ё бо дигар тарз гирифтани фоидаи ғайриқонунӣ пешниҳод намудан, ҷалб кардан, интиқол, пинҳон кардан, супоридан, ё гирифтани одам бо истифодаи маҷбуркунӣ, рабудан, фиреб, сӯиистифода намудани гунаҳгор аз вазъи хизматии худ, сӯиистифода аз боварӣ ё ҳолати оҷизии қурбонии савдои одамон ва ё ришвадиҳӣ ба шахсе, ки қурбонӣ таҳти вобастагии ӯ қарор дорад,-»;

– дар қисми 2:

– банди г) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«г) бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок ё таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ;»;
– дар банди д) калимаи «трансплантатсия» ба калимаҳои «пайвандсозӣ, ҳамчунин ғайриқонунӣ истифода намудани ӯ бо мақсадҳои репродуктивӣ ё таҳқиқоти биотиббӣ» иваз карда шавад;

– дар қисми 3:

– калимаҳои «якум ва» ба калимаҳои «якум ё» иваз карда шаванд;

– дар банди а)  калимаҳои «хариду фурӯши» ба калимаи «савдои» иваз карда шаванд;

– эзоҳ дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Эзоҳ: Шахси содирнамудаи кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки ихтиёран ба мақомоти дахлдор хабар дода, қурбонии савдои одамонро озод карда бошад, ба шарте дар кирдорҳои ӯ таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад. ».

  1. Моддаҳои 1302ва 132 хориҷ карда шаванд.
  2. Дар қисми 3) моддаи 138:

– банди  г) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«г) боиси ба вируси норасоии масунияти одам мубтало гардидани ҷабрдида шудааст;»;

– бандҳои г) ва д) мувофиқан бандҳои д) ва е) ҳисобида шаванд.

  1. Дар қисми 3) моддаи 139:

– банди  б) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«б) боиси ба вируси норасоии масунияти одам мубтало гардидани ҷабрдида шудааст;»;

– банди б) банди в) ҳисобида шавад.

  1. Дар моддаи 141:

– ба қисми 2) банди б) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«б) боиси ба касалии зӯҳравӣ гирифтор шудани ҷабрдида гардидааст;»;

– банди б) банди в) ҳисобида шавад;

– қисми 3) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«3) Ҳамин ҳаракат, агар боиси ба вируси норасоии масунияти одам мубтало гардидани ҷабрдида шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои  муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. ».

  1. Дар моддаи 167:

– номи модда ва дипозитсияи қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

«Моддаи 167.  Савдои кӯдакон

  1. Ҳама гуна амал ё аҳде, ки ба воситаи онҳо кӯдак ғайриқонунӣ аз тарафи падару модар, дигар намояндаи қонунӣ ё дигар шахсе (гурӯҳи шахсоне), ки кӯдак доимӣ ё муваққатӣ дар парастории вай (онҳо) мебошад, ба дигар шахс (гурӯҳи шахсон) бар ивази подоши моддӣ ё дигар ҷуброн, бо мақсади истисмори ӯ ва ё ба даст овардани фоидаи моддӣ ё дигар фоида, инчунин бо мақсади фарзандхондии ғайриқонунии кӯдак, новобаста аз тарзҳои ҳангоми он истифодашаванда супорида мешавад,-»;
    – дар қисми 2:

– банди г) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«г) бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок ё таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ;»;
– дар банди д) калимаи «трансплантатсия» ба калимаҳои «пайвандсозӣ, ҳамчунин ғайриқонунӣ истифода намудани ӯ бо мақсадҳои репродуктивӣ ё таҳқиқоти биотиббӣ» иваз карда шавад;

– дар қисми 3:

– калимаҳои «якум ва» ба калимаҳои «якум ё» иваз карда шаванд;

– дар банди а) калимаҳои «хариду фурӯши ноболиғон» ба калимаҳои «савдои кӯдакон» иваз карда шаванд;
– эзоҳ дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Эзоҳ: Шахси содирнамудаи кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки ихтиёран ба мақомоти дахлдор хабар дода, қурбонии савдои кӯдаконро озод карда бошад, ба шарте дар кирдорҳои ӯ таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад. ».

  1. Дар моддаи 239 матни модда қисми 1) ҳисобида шуда, қисми 2) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
    «2) Ҳамин кирдор, агар такроран ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,

-бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад. ».

  1. Ба моддаи 335 қисми 3) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«3) Кирдорҳои дар қисми якум ё дуюми ҳамин модда пешбинигардида, агар онҳо дар алоқамандӣ бо савдои одамон содир шуда бошанд,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз  даҳ то понздаҳ сол ва маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад.».

  1. Ба моддаи 3351қисми 3) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«3) Кирдорҳои дар қисми якум ё дуюми ҳамин модда пешбинигардида, агар онҳо дар алоқамандӣ бо савдои одамон содир шуда бошанд,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол ва маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад.».
11.  Дар қисми 3 моддаи 339 калимаҳои «хариду фурӯши» бо калимаи  «савдои» иваз карда шаванд.
12.  Дар қисми 3 моддаи 340 калимаҳои «хариду фурӯши» бо калимаи  «савдои» иваз карда шаванд.
13.  Ба банди 1) эзоҳи моддаи 347 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Ҳамчунин қурбонии савдои одамон барои хабар надодан дар бораи ҷиноят ва пинҳон доштани ҷинояти пешакӣ ваъданашуда, ки бо қарор доштани ӯ ба сифати қурбонӣ дар савдои одамон алоқаманд аст, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад. ».

  1. Эзоҳи моддаи 351 банди 1) ҳисобида шуда, банди 2) бо мазмуни  зерин илова карда шавад:

«2) Қурбонии савдои одамон барои додани нишондоди бардурӯғ, ки бо қарор доштани ӯ ба сифати қурбонӣ дар савдои одамон  алоқаманд  аст, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад. ».

  1. Эзоҳи моддаи 352 банди 1) ҳисобида шуда, банди 2) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«2) Қурбонии савдои одамон барои саркашӣ кардан аз ҳозир шудан ба даъвати мақомоти таҳқиқ, тафтишот ё ба суд, ё нахостани додани нишондод нисбат ба ҷиноятҳое, ки бо қарор доштани ӯ ба сифати қурбонӣ дар савдои одамон алоқаманданд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида  намешавад. ».

Моддаи 2.  Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон              Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, №  1554

Санаи нашр: 04.01.2019    №: 3-4

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  1. Дар моддаи 129:

– дар санксияи қисми 2) калимаҳои «се то панҷ» ба калимаҳои «панҷ то ҳашт» иваз карда шаванд;
– дар санксияи қисми 3)  калимаҳои «панҷ то ҳафт» ба калимаҳои «ҳашт то дувоздаҳ» иваз карда шаванд.
2.  Моддаи 207 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Моддаи 207.  Вайрон кардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ
1) Вайрон кардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси бемории оммавӣ ё заҳролудшавии  одамон гардидааст,

-бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар он аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ё мубталои сирояти вируси норасоии масунияти одам ё марги инсон гардида бошад,

-бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад. ».

  1. Қисми 2) моддаи 210 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«2) Ҳамин кирдор, агар он аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ё мубталои сирояти вируси норасоии масунияти одам ё марги инсон гардида бошад,

-бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол  бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад. ».

  1. Дар моддаи 2101:

– санксияи қисми 1) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. »;

– санксияи қисми 2) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«бо ҷарима ба андозаи аз ду ҳазор то чор ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад. »;

– санксияи қисми 3) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол  бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад. ».

Моддаи 2.  Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, №  1555

Санаи нашр: 04.01.2019    №: 3-4

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  1. Ба моддаи 116 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

–  ба қисми 2 ҷумлаи чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Дар муддати то се рӯзи корӣ баъд аз қабул кардани санади судӣ мақоме, ки ба суд дархостро дар бораи ба ҳабс гирифтани молу мулк пешниҳод кардааст, нусхаи санади судиро ба мақоми ваколатдор барои ворид намудани маълумоти дахлдор ба Феҳристи ягонаи давлатии ӯҳдадориҳои таъминшуда ё Феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он ирсол менамояд.»;

– ба қисми 8 ҷумлаҳои дуюм ва сеюм бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«Дар асоси қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё судя мақоми ваколатдор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотро дар бораи бекор кардани ҳабси молу мулк ба Феҳристи ягонаи давлатии ӯҳдадориҳои таъминшуда ё Феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он ворид менамояд. Тартиби ворид намудани маълумотро ба феҳристҳои зикршуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.».

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, № 1556

Санаи нашр: 04.01.2019    №: 3-4

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (ҚИСМИ ЯКУМ)

  1. Қисми 3 моддаи 26 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«3.  Талаботи кредиторони соҳибкори инфиродӣ дар сурати муфлис эътироф гардиданаш аз ҳисоби молу мулки ба ӯ тааллуқдоштае, ки мумкин аст бо тартиб ва навбати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муфлисшавӣ аз он маблағ рӯёнида шавад, қонеъ гардонида мешавад. ».

  1. Дар қисми 4 моддаи 64 калимаи «панҷум» ба калимаи «чорум» иваз карда шавад.
  2. Моддаи 641бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Моддаи 641.  Молу мулки манқули шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда, ки ба сифати таъминот пешниҳод шудааст

  1. Молу мулки манқули шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда, ки ба сифати таъминот пешниҳод шудааст (гарав, лизинг ва усули дигари таъминот) ҷудо карда мешаванд ва барои фурӯш ба кредитори таъминшуда дода мешавад.
  2. Кредитори таъминшуда ӯҳдадор аст бовиҷдонона барои ба амал баровардани фурӯши мавзӯи таъминот тавре чораҳо андешад, ки он барои ҳамаи тарафҳои иштироккунанда бо назардошти шароити воқеӣ манфиатнок бошанд.
  3. Маблағҳои аз фурӯш ба дастомада барои пардохти талаботе, ки бо молу мулки фурӯхташаванда таъмин гардиданд, равона мегарданд, маблағҳои аз фурӯш боқимонда бошад, ба комиссияи барҳамдиҳӣ барои пардохт намудани дигар талаботи кредиторон бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур равона мегарданд.
  4. Агар маблағҳои аз фурӯш бадастомада барои пардохти ҳамаи талаботе, ки бо молу мулки фурӯхташаванда таъмин гардидаанд, нокифоя бошанд, қисми боқимондаи талабот аз молу мулки дигари шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда бо тартиби барои талаботи кредиторони таъминнашуда, ки Кодекси мазкур муқаррар намудааст, пардохт мегардад. ».
  5. Қисми 1 моддаи 65 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«1.  Дар сурати барҳам додани шахси ҳуқуқӣ талаботи кредиторони он бо навбати зерин қонеъ гардонида мешаванд:

– дар навбати аввал – талаботи кредиторони таъминшуда аз ҳисоби арзиши молу мулки ба сифати таъминот пешниҳодшуда бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин талаботи шаҳрвандоне, ки шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда дар назди онҳо барои расонидани зарар ба ҳаёт ва саломатиашон масъулият дорад, бо роҳи ба сармоя табдил додани пардохтҳои дахлдори вақтбайъ;

– дар навбати дуюм – пардохти кӯмакпулии аз кор рафтан ва музди меҳнати шахсоне, ки тибқи шартномаи меҳнатӣ, аз ҷумла тибқи қарордод кор мекунанд ва пардохти мукофотпулӣ бо ҳисобу китоб аз рӯи шартномаҳои муаллифӣ;

– дар навбати сеюм – пардохти қарз аз рӯи пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет;

– дар навбати чорум – ҳисобу китоби кредиторони дигар тибқи қонун.

Дар сурати барҳам додани ташкилотҳои қарзӣ, талаботи кредиторон тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ қонеъ гардонида мешаванд. ».

  1. Дар моддаҳои 203, 345, 360, 362, 363, 367, 368, 369, 373, 374, 375, 376, 380, 382, 383, 386 ва 446 калимаи «предмети» ба калимаи «мавзӯи» иваз карда шавад.
  2. Ба моддаи 329 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«4.  Кредиторе, ки талаботи ӯ ба қарздор бо гарав, нигоҳ доштан ё дигар усулҳое, ки афзалиятро дар назди дигар кредиторон оид ба таъмини талаботи худ аз ҳисоби молу мулки муайяни қарздор ё шахсони сеюм медиҳад, таъмин шудааст, кредитори таъминшуда  мебошад. ».

  1. Ба моддаи 354 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
    «4.  Дар ҳолати ба таъминот супоридани молу мулк аз ҷониби шахсе, ки ин ҳуқуқро надошт, чунин таъминот нисбати ҳамин молу мулк:

а) қатъ мегардад,  агар кредитор медонист ё мебоист донад, ки таъминот аз ҷониби шахси ваколатдорнашуда пешниҳод шудааст.  Дар баробари ин, кредитор пас аз эътибори қонунӣ пайдо намудани ҳалномаи суд оид ба гирифтани чунин молу мулк ҳуқуқи талаб кардани иҷрои пеш аз мӯҳлати   ӯҳдадориҳо  ва ё  иваз кардани  мавзӯи таъминотро дорад;

б) то иҷрои ӯҳдадории таъминшуда нигоҳ дошта мешавад, агар кредитор намедонист ё намебоист донад, ки молу мулк аз ҷониби шахси ваколатдорнашуда (кредитори бовиҷдон) пешниҳод шудааст.  Дар ин маврид молик дар назди кредитор танҳо бо молу мулки зикршуда ҷавоб медиҳад.
Дар Феҳристи ягонаи давлатии ӯҳдадориҳои таъминшуда мавҷуд набудани маълумот дар бораи ҳуқуқи шахси дигар ба молу мулк барои бовиҷдон эътироф кардани кредитор асос дониста мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин молу мулкро молик ё шахсе, ки молик барои соҳибӣ додааст, гум карда бошад ё аз яке аз онҳо дуздида шуда бошад ё бо усули дигар бе ихтиёри онҳо аз  соҳибиашон баромада бошад. ».

  1. Қисми 1 моддаи 359 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«1.  Гарав – усули таъмини иҷрои ӯҳдадорӣ, ки тибқи он кредитор  дар ӯҳдадории бо гарав таъминшуда (гаравгир) ҳангоми аз ҷониби қарздор иҷро нашудани чунин ӯҳдадорӣ, барои қонеъ намудани талаботаш, аз арзиши молу мулки ба гаравгузоштаи шахсе, ки ин молу мулк ба ӯ тааллуқ дорад (гаравдеҳ) нисбат ба дигар кредиторон ҳуқуқи афзалиятнокро доро мебошад, ба истиснои ҳолатҳои дар қонун муқарраршуда.».

  1. Ҷумлаи якуми банди дуюми қисми 4 моддаи 362 хориҷ карда шавад.
  2. Дар моддаи 367:

– қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«4.  Мавзӯи гарав метавонад аз ҷониби гаравгир муваққатан барои соҳибӣ ё истифода ба шахси сеюм дода шавад.  Дар ин маврид мавзӯи гарав дар назди гаравгир қарордошта ба ҳисоб меравад. »;

– қисми 4 қисми 5 ҳисобида шавад.

  1. Банди якуми қисми 1 моддаи 369 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Ҳуқуқи гарав ба самара, маҳсулот ва даромаде, ки дар натиҷаи истифодаи молу мулки ба гарав гузошташуда ба даст оварда шудааст, татбиқ мегардад, агар шартнома ҳолатҳои дигареро пешбинӣ накарда бошад. ».

  1. Моддаҳои 370 ва 371 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

«Моддаи 370.  Ба  миён омадани ҳуқуқи гарав

  1. Ҳуқуқи гарав ҳангоми дар як вақт мавҷуд будани шартҳои зерин ба миён меояд:
    – соҳиб будани гаравдеҳ ба ҳуқуқи моликият ё дигар ҳуқуқи ашёӣ ба мавзӯи гарав ва ё ҳуқуқи дигари молу мулкӣ;

– мавҷуд будани шартнома дар бораи гарав мутобиқи талаботи моддаи 368 Кодекси мазкур ё дигар асосҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Агар дар шартномаи гарав тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҳуқуқи гарав нисбат ба гарави молу мулке, ки бояд ба гаравгир супорида шавад, аз лаҳзаи супоридани ин молу мулк ба миён меояд.
    3.  Ҳуқуқи гарав ба молҳои дар муомилотбуда мутобиқи қоидаҳои қисми 2 моддаи 386 Кодекси мазкур ба миён меояд.
  2. Ҳуқуқи гарав ба молу мулке, ки гаравдеҳ дар оянда ба даст меорад, аз лаҳзаи ба даст овардани ҳуқуқи дахлдор ё ворид шудани ашёи дахлдор ба моликияти гаравдеҳ ба миён меояд.

Моддаи 371.  Гарави минбаъда ва муайян кардани навбати гаравгирон
1.  Молу мулке, ки аз рӯи шартномаи гарав ҷиҳати таъмини иҷрои як ӯҳдадорӣ (гарави ибтидоӣ) ба гарав гузошта шудааст, метавонад барои таъмини иҷрои ӯҳдадории дигар (гарави минбаъда) ба гарав гузошта шавад.

  1. Гарави минбаъда, агар бо шартномаҳои ибтидоии гарави ҳамон молу мулк манъ нашуда бошад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун иҷозат дода мешавад.
  2. Навбати гаравгирон ба ҳамон як молу мулки мавзӯи гарав аз рӯи санаи дар Феҳристи ягонаи давлатии ӯҳдадориҳои таъминшуда  ё Феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он бақайдгирифташуда, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун муқаррар карда мешавад.
  3. Гаравгире, ки дар навбат бартарӣ дорад, кредитори таъминшудаи ибтидоӣ номида мешавад.  Гаравгирони дигар кредиторони таъминшудаи минбаъда мебошанд.
  4. Гаравдеҳ ӯҳдадор аст ба ҳар як гаравгири минбаъда оид ба ҳамаи гаравҳои молу мулки мазкур, ки дар қисми 1 моддаи 368  Кодекси мазкур пешбинӣ шудааст, маълумот диҳад ва ӯ барои зиёне, ки ба гаравгирон бинобар иҷро накардани ин ӯҳдадорӣ расонидааст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ҷавобгар мебошад.
  5. Талаботи гаравгири минбаъда аз арзиши мавзӯи ба гарав гузошташуда баъди қонеъ гардонидани талаботи кредиторони таъминшудаи ибтидоӣ қонеъ карда мешавад.
  6. Навбати қонеъ гардонидани талабот мумкин аст бо созишномаи хаттии кредиторони таъминшуда тағйир дода шавад. ».
  7. Моддаҳои 378 ва 379 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

«Моддаи 378.  Рӯёнидан аз ҳисоби мавзӯи гарав

Тартиб ва шартҳои рӯёнидан аз  ҳисоби  мавзӯи гарав бо қонун муқаррар карда мешаванд.

Моддаи 379.  Фурӯши молу мулки ба гарав гузошташуда

Тартиб ва шартҳои фурӯши мавзӯи гарав бо қонун муқаррар карда мешаванд. ».

  1. Дар моддаи 380:

– дар қисми 1:

–  зербанди г) хориҷ карда шавад;

– зербандҳои д) ва е) мувофиқан зербандҳои г) ва д) ҳисобида шаванд;

– дар қисми 2:

– зербанди а) хориҷ карда шавад;

– зербандҳои б) ва в) мувофиқан зербандҳои а) ва б) ҳисобида шаванд.

  1. Зербанди г) қисми 1 моддаи 381 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«г) ҳангоми фурӯши молу мулки ба гарав гузошташуда;».

  1. Қисми 1 моддаи 382 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«1.  Дар сурати гузаштани ҳуқуқи моликият ба молу мулки ба гарав гузошташуда ё ҳуқуқи хоҷагидории он аз гаравдеҳ ба шахси дигар дар натиҷаи бо музд ё бемузд бегона кардани ин молу мулк, ё ин ки тибқи тартиби  ворисии умумии (универсалии) ҳуқуқ, ҳуқуқи гарав қобили эътибор аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки кредитор барои гузаштани ҳуқуқи моликият ба молу мулки ба гарав гузошташуда бе нигоҳ доштани гарав розӣ мебошад.

Ба ҳамаи молу мулке, ки гаравдеҳ дар натиҷаи бегона кардани молу мулки ба гарав гузошташуда ба даст овардааст, ҳуқуқи гаравии гаравгир татбиқ мегардад, агар дар қонун ва шартнома ҳолати дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Дар мавриди нигоҳ доштани гарав, вориси гаравдеҳ ҷои гаравдеҳро ишғол менамояд ва тамоми ӯҳдадориҳои гаравдеҳро ба зимма мегирад, агар дар созишнома бо гаравгир тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад. ».

  1. Аз моддаи 383 рақами «1»  ва қисми 2 хориҷ карда шаванд.
  2. Банди якуми қисми 1 моддаи 388 хориҷ карда шавад.
  3. Моддаи 389 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Моддаи 389.  Қонеъ намудани талабот аз ҳисоби ашёи нигоҳдошташуда

Талаботи кредиторе, ки бо нигоҳдории ашё таъмин шудааст, аз ҳисоби арзиши он бо бартарӣ  аз тамоми талаботи боқимондае, ки иҷрои онҳо бо худи ҳамин ашё таъмин шудааст, қонеъ гардонида мешавад. ».

  1. Ба моддаи 401 банди якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Бенефитсиар метавонад ҳуқуқҳои худро барои гирифтани пардохт аз кафил дар сурати қонеъ гардонидани талаботи бенефитсиар аз рӯи кафолат гузашт намояд, ба гарав гузорад ё ба тариқи дигар ихтиёрдорӣ намояд. ».

  1. Ба қисми 2 моддаи 411 банди якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
    «Дар ҳолати гарав, гузашти ҳуқуқ (талабот) ё ба тариқи дигар додани он ба якчанд шахсон, навбати қонеъгардонии талаботи онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.».
    22.  Ба моддаи 417 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«3.  Бе розигии қарздор гузашт кардани талабот аз рӯи ӯҳдадории дар қисми 2  моддаи мазкур пешбинишуда ӯро аз иҷрои ин талабот, ки ба ин шахс гузашт карда шудааст, озод наменамояд. ».
Моддаи 2.  Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, №  1557

Санаи нашр: 04.01.2019    №: 3-4

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚИСМИ II

  1. Моддаи 527 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Моддаи 527.  Нигоҳ доштани ҳуқуқи моликиятии фурӯшанда
1.  Агар дар шартномаи хариду фурӯш нигоҳдории ҳуқуқи моликият ба мол ба фурӯшанда то пардохти он ё фарорасии дигар ҳолатҳо пешбинӣ шуда бошад, харидор ҳуқуқ дорад, ки танҳо ҳамон қисми арзиши молро, ки аз бақияи нархи ба фурӯшанда пардохтшаванда зиёд аст, фурӯшад, ба гарав гузорад ё ба тарзи дигар ихтиёрдорӣ намояд.  Харидор аз лаҳзаи гирифтани мол таваккали тасодуфан нобуд шудан ё зарар дидани он, масъулият оид  ба  нигоҳдорӣ, таъмир ва дигар ҳуқуқу ӯҳдадориҳои моликро ба ӯҳда дорад.

Агар дар қонун дигар ҳолат пешбинӣ нашуда бошад, маҳсулот, самара ва дигар даромадҳое, ки харидор дар натиҷаи истифодаи моли гирифташуда ба даст овардааст, мавзӯи гарав вобаста ба таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои ӯ аз ҷониби харидор дар назди фурӯшанда оид ба пардохти мол мебошад.

  1. Дар ҳолатҳои дар мӯҳлати пешбининамудаи шартнома пардохт нагардидани моли додашуда ё фаро нарасидани ҳолатҳои дигари гузариши ҳуқуқи моликият ба харидор фурӯшанда ҳуқуқ дорад аз харидор баргардонидани молро талаб намояд ё молро бо тартиби барои фурӯши мавзӯи гарав пешбинишуда фурӯшад.  Дар ин ҳолат маблағҳои аз фурӯши мол бадастомада бо тартиби барои фурӯши мавзӯи гарав муқаррарнамудаи қонун тақсим карда мешаванд.
  2. Фурӯшанда нисбати харидори моли фурӯхташуда кредитори таъминшуда мебошад.
    4.  Харидор ҳуқуқ дорад то фурӯши мол ӯҳдадориҳоро оид ба пардохти арзиши мол ё ҳамон қисме, ки иҷрои он ба таъхир гузошта шудааст, иҷро намуда, рӯёндан аз ҳисоби онро қатъ намояд.

Созишномае, ки ин ҳуқуқро маҳдуд менамояд, эътибор надорад. ».

  1. Ба моддаи 645 қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«5.  Ба муносибатҳои тарафҳо оид ба шартномаи харида гирифтани молу мулки ба кироя гирифташуда қоидаҳои иҷораи молиявӣ (лизингӣ), ба истиснои муқаррароте, ки ба фурӯшандаи мавзӯи лизинг дахл дорад, татбиқ мегарданд. ».

  1. Ба моддаи 693 қисмҳои 3 ва 4 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

«3.  Аз лаҳзаи додани объекти лизинг ба иҷорагир талаботи иҷорадеҳ объекти таъминшудаи лизинг эътироф мешаванд ва худи иҷорадеҳ бошад, кредитори таъминшуда эътироф мешавад.
4.  Иҷорагир ҳуқуқ дорад танҳо ҳамон қисми арзиши мавзӯи лизинг, ки аз бақияи пардохтҳои лизингӣ зиёд аст, фурӯшад, ба гарав гузорад ё ба тариқи дигар ихтиёрдорӣ намояд. ».

  1. Ба банди якуми қисми 1 моддаи 844 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Дар ҳолати гарав, гузашти талабҳои пулӣ ё ба тариқи дигар додани он ба якчанд шахсон навбати қонеъгардонӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. ».

  1. Қисми 2 моддаи 879 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«2.  Ҳангоми нокифоя будани маблағҳои пулии суратҳисоб барои қонеъгардонии тамоми талабҳои ба молики суратҳисоб пешниҳодшуда, аз ҳисоб баровардани маблағҳои пулӣ тибқи тартиби зерин анҷом дода мешавад:

– дар навбати аввал аз ҳисоб баровардан аз рӯи талаботи кредиторон, ки дар суратҳисоби бо маблағҳои пулӣ таъминшуда ва дар Феҳристи ягонаи давлатии ӯҳдадориҳои таъминшуда ба қайд гирифта шудаанд ва аз рӯи ҳуҷҷатҳои иҷро, ки интиқол ё додани маблағҳои пулиро аз суратҳисоб барои қонеъгардонии талабҳои ҷуброни зарар, ки ба ҳаёт ва саломатӣ расонида шудааст, инчунин талабҳо оид ба ситонидани алиментро пешбинӣ менамояд;

– дар навбати дуюм аз рӯи талаботи кредиторон, ки дар суратҳисоби бо маблағҳои пулӣ таъминшуда ва дар Феҳристи ягонаи давлатии ӯҳдадориҳои таъминшуда ба қайд гирифта нашудаанд ва аз рӯи ҳуҷҷатҳои иҷро барои ҳисобу китоб оид ба пардохти маблағи барои аз кор рафтан ва пардохти музди меҳнат ба шахси тибқи шартномаи меҳнатӣ, аз ҷумла тибқи қарордод коркунандаро, ки маблағгузаронӣ ё додани маблағи пулиро, инчунин оид ба пардохти мукофотпулӣ тибқи шартномаи муаллифиро пешбинӣ менамояд;

– дар навбати сеюм аз ҳисоб баровардан аз рӯи ҳуҷҷатҳои пардохт, ки пардохт ба фондҳои буҷетро пешбинӣ менамояд;

– дар навбати чорум аз ҳисоб баровардан аз рӯи ҳуҷҷатҳои иҷро, ки қонеъ гардонидани дигар талаботи пулиро пешбинӣ менамояд;

– дар навбати панҷум аз ҳисоб баровардан аз рӯи дигар ҳуҷҷатҳои пардохт тибқи тартиби навбати тақвимӣ.
Аз ҳисоб баровардани маблағҳо аз суратҳисоб тибқи талаботи марбут ба як навбат мувофиқи тартиби навбати тақвими ворид гардидани ҳуҷҷатҳо анҷом дода мешавад. ».

  1. Ба  моддаи 892 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«4.  Қабулкунандаи маблағ метавонад ҳуқуқҳои худро оид ба қабули пардохтҳо аз рӯи аккредитив дар ҳолатҳои иҷрои ҳамаи шартҳои он мутобиқи шартнома гузашт намояд, ба гарав гузорад ё ба тариқи дигар ихтиёрдорӣ намояд. ».

  1. Ба қисми 2 моддаи 934 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
    «Агар ба молу мулки аз рӯи шартномаи комиссия бадастомада ҳуқуқҳои шахсони сеюм мавҷуд бошанд, навбати қонеъгардонии талаботи комитент, комиссионер ва шахсони сеюм мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. ».
  2. Ба моддаи 950 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«3.  Агар ба молу мулке, ки аз рӯи  шартномаи идораи ба боварӣ асосёфта ба даст омадааст, ҳуқуқҳои шахсони сеюм мавҷуд бошанд, навбати қонеъгардонии талаботи муассиси идора, сардори ваколатдор ва шахсони сеюм мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. ».

Моддаи 2.  Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, №  1558

Санаи нашр: 04.01.2019    №: 3-4

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  1. Ба моддаи 124 сархати ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«- талабот оид ба додани молу мулки манқул ба кредитор, ки ба ӯ ба сифати таъмини иҷрои ӯҳдадориҳо пешниҳод шудааст, арз шуда  бошад;».

  1. Қисми 3 моддаи 126 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«3. Ҳангоми талаб кардани молу мулки манқул дар ариза бояд тасвири аломатҳои фарқкунандаи молу мулки талабшаванда, ки барои ҳаммонандкунии он кифоя мебошад ва арзиши он зикр гардад.».
3.  Дар сархати шашуми қисми 1 моддаи 130 калимаҳои «манқуле, ки бояд талаб карда гирифта шавад, бо зикри арзиши он» ба калимаҳои «манқули талаб карда гирифташаванда, ки барои ҳаммонандкунии он кифоя мебошад» иваз карда шаванд.

  1. Моддаи 131 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Моддаи 131. Огоҳ намудани қарздор дар хусуси қабули фармон
1. Судя фармонро на дертар аз як рӯз пас аз қабул кардани он ба қарздор мефиристад. Қарздор  ҳуқуқ дорад дар мӯҳлати даҳ рӯз аз рӯзи гирифтани фармон оид ба он норозигии худро дар шакли хаттӣ ба суд пешниҳод кунад.

  1. Аз рӯи фармонҳо дар бораи ба кредитор додани молу мулки манқуле, ки ҳамчун таъмини иҷрои ӯҳдадориҳо ба ӯ дода шудааст, судя на дертар аз як рӯз пас аз қабул кардани фармон ба қарздор онро барои иҷро  мефиристад. Қарздор  ҳуқуқ дорад дар мӯҳлати даҳ рӯз пас аз  гирифтани фармон ба суд бо даъво оид ба мавриди баҳс қарор додани  рӯёнидан муроҷиат намояд.
  2. Ҳангоми дар мӯҳлати муқарраршуда бо даъво оид ба мавриди баҳс қарор додани рӯёнидан муроҷиат накардани қарздор,  фармон  дар бораи ба кредитор додани молу мулки манқуле, ки ҳамчун таъмини иҷрои ӯҳдадориҳо ба ӯ дода шудааст, мавриди иҷрои фаврӣ қарор мегирад.».
  3. Ба моддаи 132 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«4. Фармон дар бораи ба кредитор додани молу мулки манқуле, ки ҳамчун таъмини иҷрои ӯҳдадориҳо ба ӯ дода шудааст, танҳо дар асоси муроҷиати қарздор ба суд бо даъво оид ба мавриди баҳс қарор додани рӯёнидан бекор карда мешавад.».

  1. Дар моддаи 133:

– дар қисми 1 калимаҳои «нусхаи фармонро» ба калимаи «фармонро» иваз карда шаванд;

– қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«3. Судя фармонро дар бораи ба кредитор додани молу мулки манқуле, ки ба ӯ ба сифати таъмини иҷрои ӯҳдадориҳо дода шудааст, на дертар аз як рӯз пас аз қабул кардани он ба кредитор месупорад. Фармон бо мӯҳри нишондори суд тасдиқ карда шуда, бо риояи    қисми 3 моддаи 131 ҳамин Кодекс мавриди иҷрои фаврӣ қарор мегирад.».

  1. Ба моддаи 135 сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳолатҳое, ки даъвогар талабҳои худро асоснок менамояд;».

  1. Ба қисми 6 моддаи 143 пас аз калимаи «месозад» калимаҳои      «, даъвогар бошад, огоҳиномаи гарави дахлдорро дар Феҳристи ягонаи давлатии ӯҳдадориҳои таъминшуда ба қайд мегирад» илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, № 1559

Санаи нашр: 04.01.2019    №: 3-4

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  1. Ба моддаи 121 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

– матни модда қисми 1 ҳисобида шуда, санксияи он дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷоҳ то сад, ба шахсони мансабдор аз яксаду панҷоҳ то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷсад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад. »;

– қисми 2  бо мазмуни зерин  илова карда шавад:

«2.  Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда,

-ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз сад то дусад, ба шахсони мансабдор аз сесад то панҷсад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад. ».

Моддаи 2.  Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон             Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, №  1561

Санаи нашр: 04.01.2019    №: 3-4

 

http://jumhuriyat.tj/