Бохтар – макони илму фарҳанг ва сайёҳӣ

БА ИСТИҚБОЛИ СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Вилояти Хатлон таърихи куҳан дошта, бо мавзеъҳои қадимаи хеш мавриди омӯзиши таърихнигорону саёҳони дохиливу хориҷӣ қарор гирифтааст. Мавқеи ҷуғрофӣ, ҷойгиршавии вилоят, обу ҳавои тоза ва чашмаҳои гуногуни шифобахши манотиқи гирду атрофи он дар нақшаи дурнамо барои сайёҳони тамоми гушаю канори дунё, аз ҷумла барои рушди сайёҳони экологӣ имконияти басо бузург дорад. Ғайр аз ин табиати зебою нотакрор ва мавзеҳои хушбоду ҳаво, растаниҳову чашмаҳои шифобахшаш метавонанд барои инкишофи соҳаи туризм дар вилоят васеъ истифода шаванд. Таҳлилҳои нишон медиҳанд, ки сол аз сол шумораи сайёҳони хориҷии ба вилоят ташрифоваранда зиёд гардида истодааст. Омилҳои зикршударо ба инобат гирифта, соҳаи туризмро дар вилоят ҳамчун соҳаи афзалиятнок муаррифӣ намудаанд.

Шаҳри  Бохтар, маркази вилояти Хатлони бостонӣ низ дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон таърихи хеле ғанӣ дорад.

Шахри Бохтар яке аз шаҳрҳои қадимтарин  буда, таърихи беш аз 2000 сола  дорад. Номи шаҳр аз номи теппае, ки  айни ҳол дар маркази шаҳр ҷойгир аст гирифта шудааст. Қаблан ин шаҳр бо номи Қӯгонтеппа машҳур буд. Яъне Қурғон (Қалъа) дар болои теппа- Курғонтеппа мебошад. Бохтар таърихи бою ғани дошта, барои ба гузаштаи ин шаҳр ошноӣ пайдо намудан бояд ба таърих руй биорем. Бохтар дар  асрхои XVI-XVII Леваканд ном дошт ва аз ин даврон ёдгориҳои зиёде дарёфт гардидааст.

Чун шаҳр дар маркази вилоят ҷойгир аст, сокинон аз тамоми манотиқи вилоят пайи кору фаъолият, истроҳату фароғат қадам ранҷа менамоянд. Ҳамчунин ба шаҳр теъдоди ташрифоварии сайёҳони хориҷӣ низ дар афзоиш аст. Шаҳр  дорои қасри фарҳанг, театри давлатии мусиқӣ -мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов, китобхонаҳо, мактаби санъати бачагона, боғи фарҳангию истироҳатӣ, осорхона, ду варзишгоҳ ва дигар муассисаҳои маърифативу таълимӣ мебошад. Ҳамзамон дар шаҳр намояндагии якчанд созмонҳои байналмилалӣ ҷой гирифтаанд. Дар шаҳри Бохтар Донишгоҳи бонуфузи ба номи Носири Хусрав мавҷуд аст, ки дар он зиёда аз 16000 донишҷӯёни ба таълиму тадрис машғул ҳастанд. Ҳамчунин аз хориҷи мамлакат низ донишҷӯён таҳсил менамоянд.

Иклими  шахри Бохтар суптропики буда, барои богу токпарварӣ ва инчунин зироаткорӣ хело мусоид мебошад. Ин  шахри  зебоманзар  дар  Ҷумхури  яке аз шахрхои пешрафтатарин ба хисоб меравад.

Таваҷҷуҳи саёҳони дохиливу хориҷиро ёдгориҳои таърихиву фарҳангии шаҳри Бохтар ба худ ҷалб намудаанд. Метавон ба таври мушаххас дар поён ишора кард.

Теппаи Қӯрғон. Бостоншиносон дар натичаи таҳқиқ муайян карданд, ки  ин теппа табии набуда, бо дасти  инсон яъне  бо роҳи сунъӣ ба вучуд омадааст. Мақсад аз бунёди теппаи мазкур  иборат аз он буд, ки муҳофизони  муқимӣ аз хуҷуми душманон беҳтар назорат карда тавонанд.

Бо файзу самараи  истиклолияти Чумхурии Точикистон дар  болои ин теппа манора ва соли 1999 осорхонаи таърихию кишваршиноси ба номи «Бибихонум»  сохта шудааст, ки аз болои он  манзараи зебои шахр айён мегардад. Сайёҳони дохил ва хориҷи кишвар метавонанд аз нигорахои таърихи ва намоишхое, ки оиди гузаштаи шахри Бохтар накл менамояд дидан намоянд.

Осорхонаи Таърихию кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто». Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар нақши Муассисаҳои осорхонавӣ ба сифати бунёдгоҳи тафаккури созандаву солим ва асоси худогоҳии миллӣ, ба ҳайси таҳкурсии рушди инкишофи иҷтимоии мамлакат хело афзудааст. Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи Авасто дар маркази шаҳри Бохтар қарор дошта соли 1982 дари худро барои тамошобинон боз намудааст. Аввалин тамошобинони Осорхона аҳли фарҳанг ва санъати Доғистон буданд, ки онҳоро шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ раҳнамоӣ мекард. Осорхона расман  дар заминаи осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) таъсис ёфта, муассисаи мустақил мебошад.  10 уми августи Соли 2011 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман Осорхонаи вилоятӣ номи «Авасто»- ро гирифт. Осорхона аз ду ошёна ва як зербиноҳ иборат буда  дорои 3918 нигора мебошад. Дар ин чо мучассамаҳои махали ҷой дошта аз худи набототу хайвоноти вилоят сар карда то нигораҳои таърихии аз давраи ҷангиро дида метавонед, ки аз он дар ин шаҳри зебоманзар илҳоми баланд хоҳед гирифт. Ҳамаруза аз ин осорхонаи кишваршиноси чандин нафарон дидан намуда аз таърихи пурғановати ачдодони точикон бохабар мешаванд.

Теъдоди ташрифи сайёҳони хориҷи ба ин осорхона зиёд аст. Маъмурияти Осорхона кӯшиш намуда истодаанд, ки ба сайёҳони дохил ва хориҷи кишвар таърих ва фарҳанги қадимаи халқи тоҷикро нишон диханд.

Китобхонаи вилояти ба номи «Шамсиддин Шоҳин». Ин китобхона дар назди осорхонаи вилоятӣ ҷойгир буда, ба одамони маҳаллӣ ҷойи ором барои хониши китобҳоро пеша менамояд.  Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддини Шоҳин дар маркази шаҳр қарор дошта Соли 2011 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кушода шудааст. Китобхона аз 2 ошёна иборат буда дар он зиёда аз 80 ҳазор нусха китобҳо маҳфуз аст, ки аз он 11 ҳазор нусхааш китобҳои электрониро ташкил мекунад. Ҳар сайёҳе ки ба шаҳри Бохтар  меояд аз ин китобхона низ дидан менамояд. Диққати сайёҳонро бештар дар ин китобхона шуъбаи нусхаҳои ҳатмӣ ва дастхатҳо ҷалб мекунад, ки

Кормандони китобхона  донишҷӯёну  хонандагони  китобро,  ки  онҳо  ҳамарруза  ба  ин  даргоҳи  илму маърифт  ворид  мегарданд   бо  хосташон  таъмин  менамоянд  ва  корҳои лозимаро бо сифати аъло ба анчом мерасонанд. Дар китобхона китобҳои бадеъӣ ва таърихӣ хело  зиёд мебошад, ки барои сайқал додани дониши ҳар як шахс имконияти хело хуб фароҳам оварда шудааст ва ин китобҳо аз таърихи гузаштаи точикон киса мекунанд.

Муҷассамаи «Исмоили   Сомонӣ». Ин муҷассамаи  драмавӣ дар  маркази шаҳр бо фаввора иҳота карда шудааст, ки он асосгузори аввалин давлати тоҷиконро шарҳ медиҳад. Он дар  муқобили теппаи қурғон ҷойгир буда, нишонаи айёни ва асосӣ ба шумор меравад,ки барои ташриф овардан ҳам рӯзона ва ҳам шабона мувофиқ буда ва дар наздикии ин муҷассама меҳмонхонаи «Рамз» қомат афрохтааст, ки  барои истироҳати сайёҳон хело ҷои қулайю ҷалбкунанда мебошад.

Боғи «70-солагии водии Вахш»: Ин боғ дар маркази шахр чойгир буда, сайру гашткуни дар лаб-лаби дарё ва сояхои  боду хавои ин чо ба кас руху илхоми тоза мебахшад. Агар шабона дар ин чо ташриф биёред фурузонакхои гуногун ранга ва манзараҳои диқатҷалбкунанда касро рӯҳбаланд намуда, ошиқи ин шаҳри зебоманзар мегардад.

Марказҳои бузурги савдои шаҳри  Бохтар:

Бозори «Фаровон». Бозори марказии шаҳр  «Фаровон» серодам мебошад. Ин бозор ашёҳои гуногуни рӯзгорро  ба тиҷорат мондааст,  аз қабили матоъҳо,  либоса  сабзавот ва меваҷоти тару тоза ва техникаҳои гуногун.

Бозори «Хочи Шариф» нисбати бозори марказӣ калонтар буда, дар ин ҷо низ махсулотхои гуногуни дастии дехконон ба тичорат  бароварда шудааст. Ин бозор  аз  маркази шахр  берун ҷой гирифта аст.

Бо боварӣ гуфта метавонам, ки манзараҳои дилфиреби Бохтар диққати сайёҳонро ба худ ҷалб хоҳад кард. Ҳар як сокини хештаншиноси ин шаҳр бо қалби саршори меҳру ихлос қадами мубораки меҳмононро ба шаҳри зебоманзари Бохтар накӯву файзбор хоҳад хонд.

http://hhdtkhatlon.tj/