Машғулиятҳои семинарии кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар моҳи июли соли 2019

 

Санаи 26 июли соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон бо иштироки Раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П., сардори Раёсати суди вилоят Нуриддинзода А.А., мутахассиси пешбари Раёсати суди вилояти Муродзода Н. ва мутахассис-мушоири суди вилоят Пирмуҳаммадзода С. машғулияти семинарии кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон баргузор гардид.

 

Дар машғулияти мазкур ҳамаи кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ва суди вилоят иштирок намуда, тибқи нақшаи кории машғулиятҳои семинарӣ барои нимсолаидуюми соли 2019 дар мавзӯҳои гуногун шахсони вобасташуда баромадҳо доир намуданд.

 

Хусусан дар машғулияти мазкур Обидов А.-котиби маҷлиси судии Суди ноҳияи Қубодиён, Қурбонзода И.-котиби  Суди ноҳияи Вахш, Сафаров М.-пристави судии Суди вилояти Хатлон, Зайдуллоев Л.-котиби маҷлиси судии Суди ноҳияи Дӯстӣ, Икромзода Ф.-мушовири калони Суди вилояти Хатлон, Ҳайдаров И. -котиби маҷлиси судии Суди ноҳияи Кӯшониён, Мусоҷонзода У.-котиби маҷлиси судии Суди шаҳри Бохтарва нурализода Н. -котиби маҷлиси судии Суди ноҳияи Кӯшониён дар мавзӯҳои «Аҳамияти таърихии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994» , «Тобеияти идоравӣ ва тобеияти судии парвандаҳои гражданӣ», «Омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо»,  «Кофтуков ҳамчун ҳаракати тафтишотӣ: мафҳум ва намудҳои он», «Шарҳи боби 1, моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таносуби он аз моддаи 100», «Одамкушӣ бо ҳолатҳои сабуккунанда», «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  30.08.2013 сол, таҳти №1504 тасдиқ шудааст» ва «Бо тартиби судӣ муқаррар кардани падарӣ» баромад намуданд.

 

Дар машғулияти мазкур раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П. баромад карда,  ҳамаи кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро таъкид карда, ки дар кори худ пурмасъулият буда, саривақт ва бо сифат вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо иҷро карда, ба кирдорҳои пастзанандаи шаъну шарафи ҳокимияти судӣ, алалхусус ба кирдорҳои характери коррупсионидошта даст назананд. Бо шаҳрвандон хушмуомила буда, байни худ эҳтиром пайдо кунанд.