Машғулиятҳои семинарии кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар моҳи октябри соли 2019

Санаи 25 октябри соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон бо иштироки Раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П., сардори Раёсати суди вилоят Нуриддинзода А.А., мутахассиси суди вилояти Пирмуҳаммадзода С.Н. машғулияти семинарии кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон баргузор гардид.

Пеш аз оғози семинар-машғулият конфронси кормандони дастгоҳҳои судҳо бахшида ба Рӯзи Конститутсяи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадҳо доир гардида, дар он раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Рустам Пираҳмад ҳусни оғоз бахшида , як қатор кормандони дастгоҳҳои судҳо баромад намуданд.

Баъди анҷоми конфронс бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, машғулиятро оғоз намуда, дар он тибқи нақшаи кории машғулиятҳои семинарӣ барои нимсолаи дуюми соли 2019 дар мавзӯҳои гуногун шахсони вобасташуда баромадҳо доир намуданд.

Хусусан дар машғулияти мазкур Нуралиева С.-котиби маҷлиси судии Суди шаҳри Бохтар, Файзуллозода М.-котиби маҷлиси судии Суди шаҳри Бохтар, Ҷураев А.-котиби Суди ноҳияи Н.Хусрав, Мусоев М.-котиби маҷлиси судии Суди ноҳияи Шаҳритуз дар мавзӯҳои «Ислоҳоти Конуститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйиру иловаҳо ба он» , «Тартиби таъин ва баргузор кардани интихобот: мафҳум ва намудҳои он», «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими ҳокимияти судӣ»,  «Парвандаҳое, ки суд бо тартиби мурофиаи махсус баррасӣ менамояд» баромад намуданд.

 

Дар машғулияти мазкур раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П. баромад карда,  ҳамаи кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро таъкид карда, ки дар кори худ пурмасъулият буда, саривақт ва бо сифат вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо иҷро карда, ба кирдорҳои пастзанандаи шаъну шарафи ҳокимияти судӣ, алалхусус ба кирдорҳои характери коррупсионидошта даст назананд. Бо шаҳрвандон хушмуомила буда, байни худ эҳтиром пайдо кунанд.