Маросими ҷоизасупории Федератсияи футболи вилояти Хатлон дар соли 2019

30 декабр, дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар маросими ҷоизасупории Федератсияи футболи вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилояти Хатлон,  раиси Федератсияи футболи вилоят Қурбон Ҳакимзода, раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Рустам Пираҳмад, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, инчунин ноиби Президенти Фдератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, аъзои Кумитаи Иҷроияи Федератсияи футболи вилояти Хатлон, собиқадорони футболи вилоят ва дигар шахсони масъул баргузор гардид.

Сараввал, раиси вилояти Хатлон, раиси Федератсияи футболи вилоят Қурбон Ҳакимзода аз дастоварду комёбиҳои футболбозони вилоят ёдовар гардида, бо қаноатмандӣ зикр кард: «Бо мақсади тақвият бахшидани рушди футбол, мукаммал гардонидани маҳорати футболбозон, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби бештари аҳолӣ ба футбол, тарғибу ташвиқи он, пайдо намудани истеъдодҳои нав аз байни ҷавонон ва даҳҳо чунин ҳадафҳо, барои солҳои 2017-2021 Барномаи навбатии рушди футбол дар вилоят қабул гардидааст. Ҷиҳати амалӣ гардонидани ҳадафҳои Барнома дар вилоят як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд».

Яке аз ҷоизаҳои Федератсияи футболи вилояти Хатлон аз тарафи раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад ба девораи беҳтарини сол дар вилояти Хатлон Воҳидов Навруз аз ноҳияи Вахш супорида шуд.

Яке аз омилҳои асосии пешгирии амалҳои номатлуб варзиш маҳсуб ёфта, таъсиси федератсияҳои гуногун дар ҷумҳурӣ ҳам, бо ҳамин мақсад амалӣ гардидааст.

Тавре ки Роҳбари давлат дар Паёми навбатиашон таъкид намуданд: “Мо бояд дар оянда низ ба оммавигардонии варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим диққати аввалиндараҷа диҳем ва барои тандурустии аҳли ҷомеа шароити боз ҳам беҳтар фароҳам оварем”.

Зикр гардид, ки мдоираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди варзиш ва оммавигардонии он ба масъалаи бунёду барқарорсозии иншоотҳои варзишӣ дар қаламрави вилоят таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Аз ҷумла то 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони 561 иншооти соҳаи варзиш, аз ҷумла 378 майдонча, 91 адад толори варзишӣ ва 92 майдончаи бозиҳои кӯдакона ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 165 майдончаи варзишӣ, 26 толори варзишӣ, 1 варзишгоҳ, 2 ҳавзи шиноварӣ ва 1 маҷмааи варзишӣ сохта шуд, ки барои рушди соҳаи варзиш, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва бевосита машқварзии ҷавонону варзишгарон хизмат хоҳанд кард.

— Футбол, ки дар ҳаёти инсон омили таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории натанҳо бозингарони футбол, балки халқҳову давлатҳо ба ҳисоб рафта, он барои насли ҷавон ҳамчун мактаби ҷаҳонфаҳмӣ, тарғиби арзишҳои олии инсонӣ, аз ҷумла дӯстиву бародарӣ, сулҳу озодӣ, эҳтиром ба миллатҳои гуногун ва ҳамкориҳои судманди байни кишварҳо хизмат менамояд, имконият медиҳад, ки ҷалби ҷавонон ба ин намуди варзиш садди роҳи шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва таъмини ташаккули тарзи ҳаёти солим гардад, , — таъкид кард раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода. — Футбол дорои қудрати бузурги созанда дар арсаи байналмилалӣ аст, ки инро таърихи ҳаракатҳои оммавии варзишии ҷаҳонӣ, аз ҷумла бозиҳои олимпӣ ва мусобиқаҳои умумиҷаҳонӣ борҳо собит сохтаанд.

Федератсияи футболи вилояти Хатлон ба рушди футболи кӯдакону наврасон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудааст, ки дастаҳои футболи кӯдакону наврасони вилоят дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ба комёбиҳои назаррас ноил гардидаанд. Бояд ёдовар шуд, ки Лигаи футболи кӯдакону наврасони Федератсияи футболи Тоҷикистон соли 2019 дар миқёси Осиё беҳтарин лига дониста шуд.  Аз ин рӯ, Федератсияи футболи вилояти Хатлон беҳтарин бозингарони кӯдакону наврасон ва ҷавонони мавсими имсолаи вилоятро эълон намуд.

Дар номинатсияи «Футболбози беҳтарини то 13-сола» Нормуродов Равшанбек, аз дастаи футболи “Бешкент”-и ноҳияи Носири Хусрав, «Футболбози беҳтарини то 14-сола»  Ҳусейни Абдураҳмон, аз дастаи “Дӯстӣ”-и ноҳия Ҷайҳун, “Футболбози беҳтарини то 15-сола” Розиқов Миқдор, аз дастаи футболи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб, “Футболбози беҳтарини то 17-сола” Амирҷони Фаррухзод, аз дастаи футболи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб, “Мураббии беҳтарини кӯдакону наврасони вилояти Хатлон” Шоҳғиёсов Ҷаҳваршоҳ, “Футболбози беҳтарини ҷавон” Назарзода Сафиоллоҳ, аз дастаи футболи  “Хатлон”-и   шаҳри Бохтар ва “Мураббии беҳтарини ҷавонон” Ортиқов Камолҷон, аз дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар дониста шуданд.

Тайи солҳои охир риштаи футбол бо ҷалби бонувон дар вилояти Хатлон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳоли рушд қарор дорад. Дар идома исми беҳтарин бонувони футболбозро муайян намуданд, ки дар номинатсияи “Беҳтарин бозингари бонувони то 15-солаи вилояти Хатлон” Кучкинова Дилафрӯз, аз дастаи ”Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, “Футболбоздухтари беҳтарини сол” Лайло Ҳалимова, аз дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар, “Мураббии беҳтарини футболи бонувон” мураббӣ — Гадоев Ашӯр, аз дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар ва “Довари беҳтарини сол дар вилояти Хатлон” Воҳидов Наврӯз аз ноҳияи Вахш эълон гардиданд.

Дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюми вилояти Хатлон дар мавсими имсола 12 даста ширкат варзида, миёни ҳам рақобат намуданд. Бозиҳо дар сатҳи хуби омодагӣ ва ташкилӣ баргузор гардида, дар варзишгоҳҳо мухлисону ҳаводорони зиёди футбол ҷамъ омада, бозиҳои ҷолибро тамошо намуданд. Ҳамчунин, бозиҳо тариқи шабакаҳои телевизион, радио ва сомонаҳои иҷтимоӣ намоиш ва пахш карда шуданд. Дар ин маросим беҳтаринҳои Лигаи дуюм муайян гардиданд, ки инҳо дар номинатсияи “Дарвозабони беҳтарини сол” Муродов Миралӣ, аз дастаи футболи “Кӯшон”-и ноҳияи Кӯшониён, “Муҳофизатгари беҳтарини сол” Саъдуллоев Нушервон, аз дастаи “Арал”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, “Ниммуҳофизатгари беҳтарини сол” Сайдалии Сафаралӣ, аз дастаи футболи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор, “Ҳамлагари беҳтарини сол” Беков Манучеҳр, аз дастаи футболи “Сарҳадчӣ”-и ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, “Нишонзани беҳтарини сол” Саймуртазоев Саймуҳиддин, аз дастаи футболи “Кӯшон”-и ноҳияи Кӯшониён, “Мураббии беҳтарини сол” Боев Сиёвуш, аз  дастаи футболи “Моҳир”-и  ноҳияи Ёвон, “Футболбози беҳтарини лигаи якуми вилояти Хатлон” Мадуллоев Муҳсин, аз дастаи футболи “Файзканд”-и ноҳияи Восеъ ва “Футболбози беҳтарини сол” Ҳалимов Баҳровар аз дастаи футболи “Моҳир”-и  ноҳияи Ёвон дониста шуданд.

Дар охир ба дастаи «Арал»-и ноҳияи Абудураҳмони Ҷомӣ Ҷом ва медалҳои биринҷӣ ва ба бозигарони дастаи «Кӯшон»-и ноҳияи Кӯшониён Ҷом ва медалҳои нуқра тақдим карда шуд. Футболбозони тими «Моҳир»-и ноҳияи Ёвон, ки барандаи Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюми вилояти Хатлон гардиданд, аз тарафи раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон, раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода бо Ҷом ва медалҳои тилло сарфароз гардонида шуданд.