30 соли созандагиву бунёдкории даврони Истиқлолият

Тули 30 соли комёбиҳои беназир Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун яке аз муқаддастарин дастоварди таърихи навини миллати кӯҳанбунёди тоҷикон пойдор буда, шаҳодат аз он медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сокинони ин сарзамини куҳанбунёд аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, соҳиби давлати тозабунёди демократӣ ва ягона мебошанд.

Пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ давр Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи хеле хасостаринро, ки боиси ҳисоротҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, алалхусус ҳисороти ҷонӣ барои мардуми кишвари азизамон гардид, ба миён овард. Аммо, мардуми бо нангу номуси кишварамон тавонист ин даври ҳассостаринро бо пирузиҳо паси сар намояд. Талаву тороҷ шудани кишвар дар як замон  гуруҳҳои ҷудоихоҳро барангехт, ки намехостанд Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлоли тозабунёд рӯ ба инкишоф биорад.

30 сол муқаддам дар таърихи навини кишвари азизамон баъди 9 сентябри соли 1991,  як тулӯи офтоби сарзамини куҳанбунёд, ки ба ном “Замони созандагиву бунёдкорӣ”  тақдири ҳар як хонадони бо нангу номуси кишвари азизамонро дигаргун намуд.

Барои нигоҳ доштани ин соҳибистиқлолӣ муддати 30 сол мардуми кишвар тавонист давраҳои ҳасостаринро дар якҷоягӣ бо фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паси сар намоянду роҳ сӯи созандагиву бунёдкорӣ, сулҳпарварию ватандустӣ тай намоянд.

Давраи 30 солаи созандагиву бунёдкорӣ ин замонест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол соҳиби марзу бум, артиши миллӣ, иқтисодиёт, забони давлатӣ ва асъорӣ миллии худ гардида, тавонист дар арсаи байналмилалӣ худро ҳамчун аъзои комилҳуқуқи башарият муаррифӣ намояд ва аз манфиатҳои худ дар ин муддат дифоъ намояд.

Тули 30 сол дар кишвари азизамон таҳавулотҳои гуногун гузаронида шуда, тамоми соҳаи иҷтимою иқтисодӣ аз тарафи Ҳукумати тозабунёди Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давра ба давра ба тартибу низом дароварда шуда, тавонист Тоҷикистонро аз бумбасти коммуникатсионӣ ва буҳронҳои иқтисодиву иҷтимоӣ барорад.

Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 30 солаи охир имконияти шароит барои ба даст овардани Истиқлолияти энергетикиро фароҳам овард. Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра тавонист дар баробари соноатикунонии минтақаҳои озодӣ худ, соҳаи энергетикиро равнақ дода, барои тавлиди иншоотҳои бузурги энергетикӣ ба монанди Неругоҳи обии барқии “Роғун” замина гузорад. Ин неругоҳ неруи созандаву бунёдкор ва равшаниандози ҳар як хонадони кишвари азизамон гардид. Ин неругоҳ пур аз ифтихору иқтидори энергетикаи замони Истиқлолият буда,  таъмингари аҳолӣ бо барқи бо сифат ва манбаи ёрирасон ба иқтисодиёти кишвар аст.

30 солаи созандагиву бунёдкорӣ дар кишвари азизамон ин давру замони расидан ба ормонҳои миллӣ, расидан ба қуллаҳои баланди иқтисодиву иҷтимоӣ, ноил шудан ба мақомҳои байналмилалӣ ва таваҷҷӯҳ зоҳир намудан ба роҳи бунёдкориву созандагӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ аст.

Мустаҳкам кардани ҳифзи сарҳадот, таъмини амнияти мардуми кишвар, коҳиш додани сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ, пешгирии экстремизму терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводҳои мухаддир ҳадафии асосии Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, муддати 30 соли соҳибистиқлолӣ маҳз ба воситаи ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи ҳокимияти давлатӣ адолати судиро дар қаламравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон пойдор кард.

Ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи ҳокимияти давлатӣ тули 30 соли Истиқлолият ба дастовардҳои гуногун ноил шуд. Маҳз дар давраи истиқлолият судҳои ҷумҳурӣ аз лиҳози таъмину ташкили фаъолияти судӣ тавонистанд баъзе масъалаҳои техникиву кадрии худро роҳандозӣ намоянд ва шароити мусоид барои таъмини адолати судӣ фароҳам оваранд.

Бо мақсади созандагиву бунёдкорӣ ва рушди фаъолияти судҳои ҷумҳурӣ барномаҳои ислоҳоти судӣ таҳия ва тасдиқ карда шуданд, ки ин барномаҳо тавонистанд барои фаъолияти минбаъдаи судҳои ҷумҳурӣ шароит фароҳам оранд ва барои таъмини адолати судиву таъмину ташкили фаъолияти судҳо заминаи хоссае гузоранд.

Аз ин рӯ, Мо-сокинони кишвари азизамон бояд Истиқлолияти давлатиамонро, ки давраи заррини созандагиву бунёдкорӣ мебошад, дар ҳама ҳолат нигоҳ дошта, дар якҷоягӣ баҳри ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ва ҳимояи сохти конститутсионӣ содиқона ба халқу Ватани худ хизмат намоем.

Аз фурсати муносиб истифода бурда тамоми мардуми кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, барои кишвари азизамон осомони софу беғуборро таманно дорам.

 

 

Раиси Суди вилояти Хатлон

Мирзозода Рустам Пираҳмад