Ҷамъбастии фаъолияти нимсолаи аввали соли 2019 дар Суди вилояти Хатлон

Санаи 5 июли соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи бинои Суди вилояти Хатлон маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти Суди вилояти Хатлон дар нимсолаи якуми соли 2019 баргузор гардид.

Дар маҷлиси мазкур муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Исҳоқӣ Амирхон Нусратулло, раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, муовини якуми раиси суди вилоят Бойзода Темур Гулбой ва муовинон иштирок доштанд.

Дар рафти гузаронидани маҷлиси ҷамъбастии мазкур маърузаҳо ва ҳисоботҳои раисони судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон шунида шуда.

Пеш аз хотима ёфтани ҷамбастии фаъолияти судҳои вилояти Хатлон дар нимсолаи якуми соли 2019 муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исҳоқӣ А.Н. баромад карда, ҳамаи раисон ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоятро таъкид намуд, ки дар фаъолияти худ қавиирода буда, танҳо ба Конститутсия ва қонунҳо итоат намоянд ва дар хизмати халқу Ватани маҳбуби худ бошанд. Даст ба кирдорҳои пастзанандаи шаъну шарафи судя назананд, парвандаҳоро сари вақт ва бо сифат баррасӣ намоянд.