ХОТИМАИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС

Санаи 30 августи соли ҷорӣ дарсҳои омӯзишие, ки тибқи Нақшаи кории Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2019, ки санаи 26 августи соли ҷорӣ оғоз гардида буд, хотма ёфт. Баъди гузаронидани санҷиш аз тарафи шахсони мутасадӣ, ба кормандони дасгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки ба крусҳои омӯзишӣ фаро гирифта буданд сертификат оиди гузаронидани дарсҳои такмидли ихтисос, ки онро Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён ва директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода С. тасдиқ намудаанд, аз тарафи раиси суди вилоят ва муовини якуми ӯ тақдим карда шуд.

Инчунин ҳангоми тақдими сертификати болозикршуда раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П. ҳамаи иштироккунандагони курси такмили ихтисосро барои иштирок кардан дар дарсҳо ва гузаштани кори санҷишӣ изҳори сипосгузорӣ карда, гуфт, ки чунин курсҳои такмили ихтисос барои баланд бардоштани савияи дониши ҳар як корманди ҳокимияти судӣ бисёр зарурат дорад.