Конститутсия ва нақши ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумлаи дастовардҳои    бузурги   мардуми   Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди  давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли  тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи  ҳадафҳои  манфиатҳои  миллӣ, осори  таърихӣ ва фарҳанги  миллӣ  мебошад.»                            

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки дар он ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд таҳти ҳимоя қарор доранд, нақши Конститутсия ва ҳокимияти судӣ дар мадди боло меистанд.

         Яке аз кишварҳое, ки ҷузъи таркибии ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои комилҳуқуқи аҳли башар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ эътироф намуда, бо мақсади ҳифзи ин арзиши олӣ дар Конститутсияи худ ҳифзи онро кафолат додааст.

        Конститутсияи Тоҷикистони  соҳибистиқлол ба ислоҳоти системаи судии  мамлакат заминаи  воқеъӣ гузошт. Аввалин  маротиба дар Конститутсия ҳокимияти судӣ ҳамчун як шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф карда шуд. Вазифаҳои ҳокимияти судӣ ба тариқи конститутсионӣ муайян карда шуд, ки ин яке аз равандҳои  рушди  ҷомеаи демократӣ мебошад. Дар Паёми Президенти  мамлакат ба Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 20 апрели соли 2012 омадааст: «Баъди қабули Конститутсияи  кишвар  ва  ҳамчун  шохаи  ҳокимияти  давлатӣ  эътироф  гардидани  суд  давлат  ҷиҳати  таҳкими асосҳои  он  пайваста таваҷҷуҳ зоҳир  менамояд».

Ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон ҳамчун шохаи мустақили ҳокимити давлатӣ,  яке аз дастгоҳҳои ба тариқи судӣ амалишавии кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб рафта, дар асоси Конститутсия, Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурӣ ва байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, амал мекунад.

Маҳз боби ҳаштуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашмаи ба танзимдарории фаъолияти ҳокимияти судӣ ба ҳисоб рафта, нақши нигори онро дар ҷомеаи муосири адолатпарвари Тоҷикистон равшан менамояд. Дар ин бобат мустақил будан, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ гаштан, ҳифзи ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат дарҷ  гардидааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонуни асосии воломақоми Тоҷикистон байни дигар кишварҳо бо некӣ пазируфта шуда, дар он хусусияти неки инсондўстонаю сулҳҷўёна, адолатпарварӣ, эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва кафолати ҳифзи судӣ   пурра ҷойгир шудаанд.

Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳокимияти судӣ рўз то рўз, марҳила бо марҳила дар асоси Конститутсия, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Барномаҳои ислоҳти судӣ-ҳуқуқӣ  нуфузи худро баланд бардошта, адолати иҷтимоиро дар ҷомеаи муосири кишварамон таъмин карда истодааст.  

Дар банди 2-и моддаи 14 Конститутсия зикр гардидааст, ки  «Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешавад. Онҳо мақсад мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроияи маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.»

         Яке аз вазифаҳои ҳокимияти судӣ низ иҷроиши меъёрҳои конститутсионӣ мебошад. Дар моддаи 19-и Конститутсия омадааст: «Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад.» Дар сурати поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд ҳимояи онҳо аз ҷониби ҳокимияти судӣ ба амал бароварда мешавад.

Риояи қатъӣ ва иҷрои Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар байни ҷомеаи шаҳрвандии кишварамон қувваи қонунии одатро гирад. Ҳангоми ҷой доштани поймолгардии меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, аз тарафи суд, аз номи давлат бо мақсади пешгирӣ ва таъини ҷазои сазовор барои поймолгардии меъёрҳои номбурда ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд чораҳои зарўрӣ андешида шуда, қарорҳои ҳаматарафа асоснок ва адолатона, баҳри минбаъд роҳ надодан ба ин поймолгардиҳо қабул карда мешавад.

         Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи демократии давлатдориро пеш гирифтааст ва дар Конститутсия дарҷ гардидааст, ки риояи он вазифаи ҳар як шахс аст. Аз ин ру  зарур аст, ки ҳар як шаҳрванд конститутсияро омӯзад, донад ва риоя кунад. Риояи   њатмии   Конститутсия кафолати  ҳимояи  ҳуқуқу озодиҳои инсон буда, асоси  ташаккули  давлати  демократӣ ва ҷомеаи  шаҳрвандӣ  мебошад.        

Аз ин лиҳоз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шиносномаи давлат ва бахтномаи миллат, таъминкунандаи кафолати ҳифзи судӣ ва адолати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, санади тақдирсози ҷомеаи шаҳрвандии кишварамон эътироф карда мешавад.

Аз фурсати муносиб истифода бурда тамоми сокинони кишвари азизамонро бо Рӯзи Конститутсия табрик гуфта барои Тоҷикистони азизамон осмони софу беғуборро хоҳонам.

 

 Раиси Суди вилояти Хатлон

Мирзозода Рустам Пираҳмад