МУНОҚИШАИ ОИЛАВӢ, КУШТОР ВА ҶАЗО БАРОИ ОН

 

Оила ба арзишҳои муҳими иҷтимоӣ тааллуқ дорад. Тибқи баъзе назарияҳои илмӣ, маҳз ташаккули оила дар тӯли асрҳо метавонад самти умумии таҳаввулоти низомҳои макроиҷтимоиро муайян кунад. Ҳар як узви ҷомеа, новобаста аз мақоми иҷтимоӣ, мансубияти нажодӣ, молу мулк ва вазъи моддӣ, аз лаҳзаи таваллуд то охири ҳаёт дорои чунин хислатҳо ба монанди оила ва издивоҷ мебошад.

Аммо мутаасифона дар баъзе ҳолатҳо нафароне дар ҷомеа пайдо мешаванд, ки ин арзиши муҳими иҷтимоиро, ки пойдовери ташаккули ҷомеаи инсонӣ ва давлат аст, пароканда карда, даст ба қатли аъзои оилаи худ мезанад.

Чунин ҳодисаи нангин санаи 24 марти соли 2019 дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон руҳ дода, ҷиноят аз тарафи маҳкумшуда Алимов Олимҷон Тоҷидинович санаи таваллудаш 15 сентябри соли 1995 зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Вахш, ҷамоати деҳоти 20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, деҳаи Марказӣ содир мегардад.

Санаи 24 марти соли 2019 тахминан соатҳои 12 ба 13 дар рафти муноқишаи навбатӣ байни ҳамсарон Алимов Олимҷон Тоҷидинович ва марҳум Назарова Суманоҳ Ҳасановна санаи таваллудаш 10 ноябри соли 1996 , маҳкумшуда Алимов Олимҷон Тоҷидинович бо мақсади аз ҳаёт маҳрум кардани марҳум Назарова Суманоҳ Ҳасановна, бо обдони ҳароратнигоҳдоранда (термос)-и ғунҷоишаш 2 литра, ду маротиба ба сараш зада, ӯро ба фарши хона афтонида, баъдан бо дастонаш ба биниаш зарба зада, бо рӯймоли дар сарашбуда даҳонашро пахш карда, бо дасти чапаш гулӯяшро буғӣ карда, бо корди ошхонагӣ, ки дар ҳуҷраи истиқоматиашон қарор дошт, се маротиба ба қисмати чапи чашми рост ва як маротиба ба қисмати қафои миёнаш зарба зада, ӯро ба қатл  мерасонад.

Бо мақсади фош нагардидани ҷинояти содиркардааш ва пинҳон кардани ҷасади марҳум Назарова Суманоҳ Ҳасановна маҳкумшуда Алимов Олимҷон Тоҷидинович ба воситаи белу каланд фарши хонаи якумро аз тарафи рости кунҷи девор канда, ҷасадро дар чуқурии кандааш зери хок карда, гилеми болои фаршро пӯшонида, хунҳои болои гилем рехтаро шуста, бел ва либосҳояшро дихили ҳуҷра мегузораду ба тамошои чорабинӣ бахшида ба Иди Наврӯз баромада меравад.

Баъди гузаронидани чораҳои оперетивӣ-ҷустуҷӯӣ, маҳкумшуда Алимов Олимҷон Тоҷидинович ба кормандони шӯъбаи Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш оиди кирдорҳои содиркаррдааш иқрор мешавад.

Аз хулосаи ташхиси судӣ-тиббии таҳти №13 аз 22 апрели соли 2019 муайян карда шудааст, ки марҳум Назарова Суманоҳ Ҳасановна ҳомиладор буда, тифли дар батнаш буда  ба 3.8-4 моҳа расида, сабаби марги ӯ дар натиҷаи фишурдани роҳҳои нафас ҳангоми бо даст буғи кардани маҳкумшуда Алимов Олимҷон Тоҷидинович ба вуҷуд омадааст.

Суд муайян кардааст, ки маҳкумшуда Алимов Олимҷон Тоҷидинович оиди ҳомиладор будани марҳум ҳамсараш Назарова Суманоҳ Ҳасановна огоҳ буд. Зеро марҳум Назарова Суманоҳ  Ҳасановна  ду моҳ пеш аз ҳодисаи руҳдода ба ҳамсараш маҳкумшуда Алимов Олимҷон Тоҷидинович харбардор кардааст.

Суд кирдори маҳкумшуда Алимов Олимҷон Тоҷидиновичро бинобар сабаби исбот гардиданаш бо моддаи 104 қисми 2 банди “д” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, (одамкушӣ) яъне, қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани зане, ки ҳомиладории ӯ барои гунаҳгор аён аст, банду баст намуд.

Бо ҳукми Суди вилояти Хатлон аз 11 июни соли 2019 Алимов Олимҷон Тоҷидинович бо моддаи моддаи 104 қисми 2 банди “д” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, (одамкушӣ) яъне, қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани зане, ки ҳомиладории ӯ барои гунаҳгор аён аст, гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 21 сол  бо адо намудани 1 солу 6 моҳи аввалаш дар маҳбас, боқимондааш дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шуда, ҳукми мазкур эътибор қонунӣ пайдо кард.

Барои таъмин пойдор нигоҳ доштани адолати судӣ, Суди вилояти Хатлон ба маҳкумшуда Алимов Олимҷон Тоҷидинович дар доираи қонунҳои амалкунанда ҷазои сазовор таъин намуд.

Аслан, муноқишаи байни ҳамсарон нафақат ба ҳолати руҳии аъзоёни оила таъсир мерасонад, балки аъзоёни оиларо ба ҳар гуна роҳҳу ҳаракатҳои бади инсонӣ бурда мерасонад.

Сабабҳои асосии сар задани ин ҷиноят муноқишаи мунтазами ҳамсарон ба хотири як баҳсҳои ночиз шудааст, ки гӯё марҳум Назарова Суманоҳ Ҳасановна келини интихобкардаи модараш Ғайюрова Раъно мебошаду нисбаташ беэҳтиромӣ зоҳир мекардааст, тез-тез водор мекардааст, ки ҳомиладор асту аз ягон ҷой кор ёбаду кор кунад, зеро, бекор дар хона қарор дорад ва хушдоманаш, яъне модари марҳум Назарова Суманоҳ Ҳасановна-Назарова Ҳалима Талбаковна барои нарм кардани заминҳои обчакориашон ба ӯ ҳаққи корашро надодааст.

Якдигарфаҳмӣ, ҳурмату иззати ҳамсарон кафолати устоврии оилаи солим мебошад. Нигоҳ доштани оилаи солим ин барои ҳар як аъзои оила муҳим буда, ҳал кардани мушкилиҳои оилавӣ бояд, ба таври дастаҷамъӣ бо роҳи якдигарфаҳмӣ, ҳурмату эҳтироми аъзои хурди оила нисбат ба аъзои калонсоли он бояд ба ҷо оварда шавад.

Раиси Суди вилояти Хатлон

Мирзозода Рустам Пираҳмад