Маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти Суди вилояти Хатлон ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар соли 2019 (2.01.2019 сол)
Субҳи имрӯз (2 январи соли 2020) дар толори маҷлисгоҳи бинои Суди вилояти хатлон бо иштироки муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Сайдали Сабзали, раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, муовинони раиси суди вилоят, судяҳои суди вилоят, расион ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардид.
Дар маҷлиси мазкур оиди натиҷаҳои фаъолияти суди вилоят ва судҳои шаҳру навоҳии вилоят аз тарафи муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифта , сифати кории ҳар як судя дар алоҳидагӣ низ мавриди муҳокима қарор гардид.