Иштирок дар маросимҳои кушодавии бунгоҳи тиббӣ дар шаҳри Норак ва боздид аз рафти сохтмони бинои нави Суди ноҳияи Данғара

Баъди анҷом ёфтани маҷлиси ҷамъбасти намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон-раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Рустам Пираҳмад ва намояндаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Сайдали Сайбзали, муовини якуми раиси шаҳри Норак Асозод Дилшод ва муовини раиси шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан дар маросимҳои кушодани иншоотҳои сиёси аз ҷумла кушодани бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаҳои дурдасти шаҳри Норак ба муносибати дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.


Инчунин, раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Рустам Пираҳмад бо мақсади сари вақт ва бо сифат анҷом додани сохтмони бинои нави Суди ноҳияи Данғара ба ноҳияи Данғара ташриф оварда , аз рафти сохтомни бинои нави Суди ноҳияи Данғара боздид намуд.
Сохтмони ин иншоот ва анҷоми сари вақтии он ба кормандони Суди ноҳияи Данғара имконият медиҳад, ки фаъолияти худро дар шароити хуби замонавӣ ба роҳ монанд.
Суди вилояти Хатлон 




