Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Бохтар баргузор гардид

Имрӯз дар варзишгоҳи “Пахтакори”-и маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дигар меҳмонони олиқадр бо шукӯҳу шаҳомат баргузор гардид.
Пеш аз оғози чорабини меҳмонон аз Боғи Раҳмон Мурчаеви шаҳри Бохтар, ки дар ин боғ чорабиниҳо оид ба Сайри гули лола ва ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ омода гардида буд, дидан намуданд. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва меҳмонон аз намоиши рангоранги идонаи Наврӯзии шаҳру ноҳияҳо дидан намуданд.
Сипас, дар чорабинии фарҳангии бошукуҳе, ки дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар омодагардида буд, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба сухани табрики баромада, қайд намуд, ки боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯз ҷашни бостонии Наврӯзи оламафрӯзро дар фазои сулҳу субот, оромию осоиштагии диёр бо рӯҳияи баланди идона дар маркази маъмурии вилоят – шаҳри Бостонии Бохтар таҷлил намуда, онро чун ҷашни зиндагиву рӯшноӣ, некиву накӯкорӣ, ваҳдату созандагӣ азизу гиромӣ медорем.
Бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми байналмилалӣ касб кард ва имрӯз дар саросари олам бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.
Истифода аз фурсат бо камоли мамнуният, Шуморо бо фарорасии иди аҷдодиамон — Наврӯз, ки зодаи хиради азалӣ, андешаи созанда, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури гузашта-гонамон мебошад, самимона муборакбод гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтӣ, сарбаландӣ, рӯзгори ободу осуда ва барору муваффақиятҳои нав ба нав таманно дорам. Сипас, раиси вилоят бо камоли эҳтиром суханро ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода дода, Сарвазири мамлакат ҳозиринро бо фарорасии фасли Баҳор ва Наврӯзи хуҷастапай аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз номи худ тамоми иштирокдорони чорабиниро ва дар симои онҳо тамоми мардуми вилояти Хатлонро табрику муборакбод намуд. Барномаҳои фарҳангии бошукӯҳи Наврӯзи бошад хотири иштирокдоронро болида гардонид, ки аз тарафи Сарвазири мамлакат барномаҳои омоданамудаи фарҳангчиёни вилоят баҳои баланд дода шуд.

Асосӣ