МАВЗЕИ САЙЁҲӢ: ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои як қатор ёдгориҳои нодири таърихӣ буда, боиси ифтихор аст, ки нишонае аз таъриху фарҳанги куҳан то имрӯз ҳифз шудаанд.

Тоҷикистони биҳиштосо бо мавзеъҳои таърихии худ аз қабили қалъаи Ҳисор, қалъаи Ҳулбук, Чилучорчашма, Гармчашма, Чилдухтарон, Хоҷаобигарм, Хоҷамуъмин, Зумрад, Ромит, Сари хосор ва ғайра ба минтақаи сайёҳӣ табдил ёфтааст.

Қалъаи Ҳулбук яке мавзеъҳои таърихие мебошад, ки таърихи чандинҳазорсола дорад. Қалъа дар ҳудуди ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ҷойгир аст.

Қалъаи Ҳулбук нишонае аз таърихи тамаддуни миллати тоҷик миёни мавзеъҳои дигар мақоми шоистаро касб кардааст. Ҳар як гӯшаи ин қалъа бо сабку усули хоса ва маҳорати баланди меъморӣ бунёд ёфтааст, ки аз завқи баланди ҳунармандони он замон гувоҳӣ медиҳад.

Осорхонаи қалъа имрӯз ба макони сайёҳӣ табдил ёфта, дар он ёдгориҳои таърихӣ ва осори гаронбаҳо боқӣ мондааст.

Дар осорхонаи Ҳулбук тамоми бозёфтҳои нодири қадимӣ, аз ҷумла асбобҳои рӯзгор, зарфҳои шишагиву сафолӣ, ороишоти занона, кӯзаҳои сафолию биринҷӣ, маҳсулоти оҳангарӣ, косибиву заргарӣ, тангаҳову китобҳои таърихӣ ва ғайра нигоҳ дошта мешаванд.

Дар ҳақиқат, қалъаи Ҳулбук яке аз бозёфтҳои фарҳанги халқи тоҷик ва ҷаҳон мебошад.

Қалъаи Ҳулбук бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ҳазорсолаҳо имрӯз аз нав бунёд гардидааст, ки маҳз ба хотири арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги ниёгон ва эҳё намудани ҳисси баланди ватандорӣ ҳамчун як минтақаи сайёҳӣ барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба шумор меравад.

Калъаи_Хулбук.jpg