ФАРОГИРИИ СУДЯҲО БА ТАКМИЛИ ИХТИСОС ДАР СУДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

 

Санаи 6 августи соли ҷорӣ дар Суди вилояти Хатлон тибқи Нақшаи фаъолияти Маркази таълимии судяҳо барои соли 2020 як қатор судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба такмили ихтисос фаро гирифта шуданд.

Бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва эълон гардидани пандемияи вируси сироятии Коронавирус ва дар ин замина талаботи банди 1 сархати 6 Протоколи №1к/25-2 машварати назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2020 вазорату идораҳо уҳдадор карда шудаанд, ки аз баргузории чорабиниҳои оммавӣ ва ҷамъомадҳо бо ҷалби теъдоди  зиёди иштирокчиён худдорӣ намоянд.

Бо ин мақсад судяҳои ба такмили ихтисос фарогирифта ба таври фосилавӣ тибқи Нақша ва руйхати тасдиқшуда такмили ихтисосро бо теъдоди маҳдуд бо муваффақият хатм намуданд.

Баъди хотима ёфтани такмили ихтисос раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, муовини якуми раиси суди вилоят Бойзода Темур Гулбой ва мутахассисони Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба як қисми судяҳои ба такмили ихтисос фарогирифта сертифкатҳоро оиди фаро гирифтан дар такмили ихтисос бо тантана супориданд.