Корҳои буднёдкориву ободонӣ дар Суди вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Суди вилояти Хатлон бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ бо тадриҷ пеш рафта истодааст.

Аз ҷумла таъмири замонавии бинои суди вилоят дар ҳоли хотимаёбӣ қарор дорад ва масъулин, яъне роҳбарияти суди вилоят тасмим гирифтаанд, ки то баргузории ҷашни зикршуда таъмирро хотима бахшанд.