Рафти таҳияи барномаи «Додгоҳ» аз ҷониби ТВ Ҷаҳоннамо (29.03.2022 сол)

  

Тибқи супориши роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи гузаронидани барномаи «Додгоҳ» аз ҷониби Телевизиони Ҷаҳоннамо аз санаи 28 марти соли ҷорӣ дар як қатор судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, инчунин дар бинои Суди вилояти Хатлон таҳияи барномаи «Додгоҳ» ба роҳ монда шуд.

Дар бинои Суди вилояти Хатлон ҳангоми таҳияи барномаи мазкур кормандони ТВ Ҷаҳоннамо, роҳабрият ва судяҳои суди вилоят ширкат варзиданд.

Ҳангоми таҳияи барнома ҷараёни коргузорӣ аз тарафи судяҳои суди вилоят ва роҳбарияти суди мазкур дар утоқҳои кориашон, инчунин гузаронидани маҷлиси фаврии судяҳои суди вилоят сабт карда шуд.