Вохурӣ ва фаҳмондани мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

  

Санаи 3 январи соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Кохи фарҳангои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баъди хотима ёфтани маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти кории суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, вохӯрии судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло ба судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мазмуну муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» фаҳмонида, баромад доир намуд.