НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Санаи 1 феврали соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Кохи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба натиҷаи фаъолияти Суди вилояти Хатлон дар соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар оғоз раиси суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор намояндагони воситаҳои ахбори оммаро бо натиҷаи фаъолияти суди вилоят дар соли 2022 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2023 шинос намуд.
Қайд гардид, ки вазифаҳои мақомоти судӣ тибқи муқаррароти Конститутсия ва қонунҳо ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва таъмини қонунияту адолат дар ҷомеа буда, бо ҳамин мақсад корҳои муайяне амалӣ карда шуданд.

Дар  давраи ҳисоботии соли  2022  судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди вилояти Хатлон мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри  соли 2021  ва  Қарорҳои Пленуми Суди Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият  намуда, баҳри ба амал баровардани адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат дар миқёси вилоят корҳои муайянеро ба анҷом расонидаанд.

Аз ҷониби Суди вилоят оид ба гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ дар соли 2022 нақшаи корӣ тартиб дода шуда, дар асоси ин ҳар моҳ дар якҷоягӣ бо судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят машғулиятҳои семинарӣ гузаронида шудааст.

Суди вилоят фаъолияти судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоятро назорат намуда, таҷрибаи судиро омўхта, вобаста ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятӣ ҳамагӣ (50) 55 маротиба ҷамъбастии амалияи судӣ гузаронидааст.

Баҳри баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон,  судяҳои Суди вилояти Хатлон дар давраи ҳисоботи (329) 376-маротиба бо аҳолии вилоят вохуриҳо гузаронида, ба воситаи Садо  (72) 80 маротиба, Симо  (135) 145 маротиба баромад кардаанд ва (37) 44 адад мақолаҳои судяҳои суди вилоят дар рўзномаҳо ба чоп расонида шудааст.

Доир ба риояи интизоми меҳнат, дар муҳлатњои муқарраркардаи қонун баррасӣ намудани парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ ва оилавӣ ба тариқи зинаи якум, парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва маъмурӣ дар марҳилаи кассатсионӣ ва назоратӣ, инчунин иҷрои ҳукму ҳалномаҳо, таъинот ва қарорҳои суди 45-маротиба маҷлисҳои фаврии кормандони суди вилоят гузаронида шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба Суди вилояти Хатлон ба тариқи марҳилаи якум (146) 225-адад парвандањои ҷиноятӣ ворид шуда, 16-адад парвандаҳо боқимонда аз соли 2021-ум, ҷамъ   (160) 225-ададро ташкил медињад, ки ин парвандаҳои ҷиноятӣ ба судяҳои суди вилоят барои моҳиятан баррасӣ намудан вогузор карда шуда (16) 24-адад парвандаҳои ҷиноятӣ дар охири давраи ҳисоботӣ боқӣ мондааст. Дар натиҷа (144) 201-адад парванда баррасӣ карда шуда,  (130) 170-адад  парванда  нисбати (183) 228-нафар бо баровардани ҳукм баррасӣ гардида, нисбати (138) 161-нафар ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ва нисбати 2 нафар ҷазои якумра маҳрум сохтан аз озодӣ  таъин карда шудааст. Аз инҳо (8) 10 нафарашон занон ва (9) 2 нафарашон ноболиғон мебошанд.  Аз рӯи тобеият (3) 7-адад парванда ирсол карда шуда, (3) 23 адад парванда нисбати (3) 28 нафар қатъ карда шуда аз ин бо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тољикистон “Дар бораи авф” (6) 14 адад парванда нисбати (14) 18 нафар қатъ карда шудааст. Ҷазои ҷарима ба маблағи (903440) 1135316 сомонӣ таъин карда шуда, аз ин (27600) 359638 сомонӣ рӯёнида шуда, руёниши маблағи (723040) 78000 сомонӣ бо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” озод карда шуда, 57900 сомонӣ ба љазои мањрум сохтан аз озоди иваз карда шуда, маблағи боќимонда бошад (152800) 639778 сомониро ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботи вобаста ба парвандањои ҷиноятӣ (127) 133 адад таъинотҳои хусусӣ бароварда шуда, (56) 57-адад парвандањои љиноятї дар маљлисњои сайёри судї баррасӣ карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба тариқи марҳилаи якум парвандаҳои  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид ва баррасӣ карда нашудааст. (Дар  соли 2021 ба тариқи марҳилаи якум парвандаҳои  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид ва баррасӣ карда нашудааст.)

Дар давраи ҳисоботӣ ба тариқи марҳилаи якум  (35) 36-адад парвандаҳои гражданӣ ворид шуда, 10-адад парвандаҳо боқимонда аз соли 2021-ум,  ҷамъ  (47) 36-ададро ташкил медињад, ки аз ин бо баровардани ҳалнома (23) 22 адад,  (18) 16 адад даъвоҳо қонеъ, (5) 6 адад даъвоҳо рад, (6) 7 адад бе баррасӣ мононда шуда, (6) 2 адад парванда дар баррасии судӣ қатъ карда шуда, (10) 5 адад парванда ба нимсолаи аввали соли 2023 боқӣ мононда шудааст. Дар давраи ҳисоботи вобаста ба парвандањои гражданӣ (4) 5-адад таъиноти хусуси бароварда шуда, (7) 8 адад парвандањои гражданї дар маљлисњои сайёри судї баррасӣ карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба тариқи марҳилаи якум   (78) 4-адад парвандаҳои оилавӣ ворид шуда, аз ин 2 адад парванда барассӣ гардида (18) 1 адад бо баровардани њалнома даъво қонеъ ва (6) 1-адад парванда дар баррасии суди ќатъ карда шуда 2 адад парванда ба нимсолаи якуми соли 2023 боќи мононда шудааст.

Дар давраи ҳисоботи ба марҳилаи кассатсионӣ (133) 177-адад парвандаҳои ҷиноятӣ бо шикояту эътирозҳои кассатсионӣ  ворид шудааст. Аз ин миқдор (125) 151-адад парвандаҳо баррасӣ гардида, (7) 26-адад парвандаҳо барои барасмиятдарори  баргардонида шудааст. Аз миқдори умумии парвандаҳои ба марҳилаи кассатсионӣ воридгашта (17) 15-адад парвандаҳо бо эътирозҳои кассатсионӣ, (2) 3-адад бо шикоятҳои хусусии маҳкумшудагон ва ҷабрдидаҳо, (1) 2 адад эътирози хусусӣ, (113) 121-адад парвандаҳо бо шикоятҳои маҳкумшудагон ва ҷабрдидагон ворид шудааст. Аз ин миқдор  (63) 67-адад ҳукм нисбати (88) 93-нафар маҳкумшудагон бетағйир, (2) 4-адад таъинот нисбати (2) 4 нафар бетағйир, (6) 4-адад ҳукм нисбати (6) 4-нафар пурра бекор Дар марҳилаи кассатсионӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ (51) 55-адад таъинотҳои хусусӣ бароварда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз рӯи қарорҳо оид ба татбиқи чораҳои пешгирӣ (10) 5 адад шикоят ворид шуда, дар натиљаи баррасї   карорњои  мазкур бетағйир мононда шудааст.

Дар давраи ҳисоботи ба марҳилаи кассатсионӣ (21) 36-адад парвандаҳои њуќуќвайронкунии маъмурӣ бо шикояту эътирозҳои кассатсионӣ  ворид шудааст. Аз ин миқдор  (21) 34-адад парвандаҳо баррасӣ гардида, 2-адад парвандаҳо барои барасмиятдарори  баргардонида шудааст. Аз миқдори умумии парвандаҳои ба марҳилаи кассатсионӣ воридгашта, (1) 5-адад парвандаҳо бо эътирозҳои кассатсионӣ, (20) 31-адад бо шикоятҳои ҳуқуқвайронкунандаҳо ворид гардидааст.  Дар марҳилаи кассатсионӣ  вобаста ба парвандањои њуќуќвайронкунии маъмурї (9) 12-адад таъинотҳои хусусӣ бароварда шудааст.

Дар давраи  ҳисоботӣ ба марҳилаи кассатсионӣ (198) 167-адад парвандаҳои гражданӣ дохил гардидааст, ки аз инњо  (190) 149-адад парвандаҳо баррасӣ карда шуда (8) 16-адад парванда барои барасмиятдарорӣ баргардонида шуда,  2 адад парванда ба нимсолаи якуми соли 2023 боқи мононда шудааст. Аз ин миқдор (181) 152-адад парвандаҳо бо шикояти кассатсионии тарафҳо ва (17) 15-адад бо шикояти хусусӣ ворид гардидааст.

Дар натиҷаи баррасӣ (157) 120-адад ҳалнома бетағйир, (16) 12 адад таъинот бетағйир, (16) 13 -адад ҳалнома пурра бекор кардашуда ба баррасии нави судї ирсол гардида, 1 адад таъинот низ бекор карда шуда ба барасии нави суди ирсол гардида, 2 адад ҳалнома бекор кардашуда дар баррасии судӣ катъ карда шуда, 1 адад ҳалнома тағйир дода шудааст. Дар марҳилаи кассатсионӣ вобаста ба парвандаҳои гражданӣ (28) 28-адад таъинотҳои хусусӣ бароварда шудааст.

Дар давраи  ҳисоботӣ ба марҳилаи кассатсионӣ (173) 184-адад парвандаҳои  оилавӣ ворид  гардидааст, ки аз инњо, (161) 168 адад парванда баррасӣ гардида (10) 16-адад парванда барои барасмиятдарори баргардонида шудааст . Аз ин миқдор  (165) 175-адад парвандаҳо бо шикояти кассатсионӣ ва (7) 9-адад бо шикояти хусусӣ ворид шудааст. Дар натиҷаи баррасӣ (137) 149-адад ҳалнома бетағйир, (6) 5-адад таъинот  бетағйир, (6) 5 адад ҳалнома тағйир, (13) 8 адад ҳалнома пурра бекор, 1 адад њалнома қисман бекор карда шудааст. Дар марҳилаи кассатсионӣ вобаста ба парвандаҳои оилавӣ (42) 45-адад таъинотҳои хусусӣ бароварда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба Раёсати Суди вилояти Хатлон  (89) 32-адад парвандаҳои ҷиноятӣ ворид гардидааст, ки аз инњо (73) 31-адад бо эътирозҳои прокурор, (9) 1-адад аз рӯи шикояти маҳкумшудаҳо мебошад. Дар натиҷа (73) 31 адад эътироз ва (9) 1 адад шикоят баррасӣ гардида (52) 20 адад эътирозҳо қонеъ, (19) 9 адад қисман қонеъ, (2) 2 адад эътироз рад карда шуда, (8) 1 адад шикоят қонеъ карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба Раёсати суди вилоят (27) 10-адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид гардидааст, ки аз инњо (26) 10-адад эътирози прокурор баррасӣ гардидааст. Дар натиҷа (21) 9-адад қарор тағйир дода шуда (3) 1 адад қарор бекор карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба Раёсати Суди вилояти Хатлон (6) 2 адад парвандањои гражданӣ бо (1) 2 адад шикояти тарафҳо ворид гардидааст. Аз ин (6) 2 адад ҳалнома пурра бекор карда шуда ба баррасии нави судӣ ирсол карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба Раёсати Суди вилояти Хатлон (1 эътироз) 1 парвандаи оилавӣ бо 1 адад шикояти тарафҳо ворид гардидааст. Аз ин (1) 1 адад ҳалнома пурра бекор карда шуда ба баррасии нави судӣ ирсол карда шудааст.

Дар соли 2022 ба судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамагӣ (3216) 3347 адад парвандаҳои ҷиноятӣ ворид гардидааст, ки аз инњо (270) 227 адад парванда аз соли 2021 боқӣ мононда шудааст. Аз парвандањои воридгардида (3149) 3079 адад парвандаҳо баррасӣ карда шуда, (211) 268 адад парвандаҳои ҷиноятӣ ба нимсолаи аввали соли 2023 боқӣ мононда шудааст. Њамзамон  (6) 5 адад парвандаҳо ба тафтишоти иловагӣ баргардонида шуда, (658) 406 адад парвандаҳо дар барасии судӣқатъ карда шудааст, аз ин (159) 227 адад парванда нисбати (170) 277 шахс дар барасии суди қатъ карда шуда, бо (499) 179 адад парвандаҳо нисбати (579) 223 шахс Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” татбиқ карда шудааст. Дар давраи ҳисоботи вобаста ба парвандањои ҷиноятӣ (1775) 1891 адад таъинотҳои хусусӣ бароварда шуда, (1128) 1285 — адад парвандаҳои ҷиноятӣ дар маљлисњои сайёри судї баррасӣ карда шудааст. Аз рўи парвандаҳои ҷиноятӣ ба маблағи умумӣ (20649438 сомонӣ) 18834716 сомонӣ ҷазои ҷарима таъин карда шуда, аз ин (3892731 сомонӣ) 9019886 сомонӣ рўёнида шуда, маблағи (614860 сомонӣ) 1337746 сомонӣ ба љазои мањрум сохтан аз озоди иваз карда шуда, рўёниши маблағи 64660 сомонӣ бо сабаби вафот кардани мањкумшудањо дар марњилаи иљроиш ќатъ карда шуда, рўёниши маблағи (14926504) 3094292 сомонӣ бо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” озод карда шуда, маблағи боќимонда (1491033 сомонӣ)  5159888 сомониро ташкил медињад.

Дар ҳамин давра (78) 73 адад ҷамъбастиҳои амалияи судӣ вобаста  ба парвандаҳои ҷиноятӣ гузаронида шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳамагӣ нисбати (117) 139 нафар ноболиғон ва (208) 274 нафар занон ва (1) 5 нафар шаҳрвандони хориҷӣ парвандаҳои ҷиноятӣ баррасӣ карда шудааст.

Дар соли 2022 ба судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамагӣ (11708) 11861 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид гардидааст, ки аз инњо (37) 51 адад парвандањо аз соли 2021 боқи мононда шудааст. Аз парвандањои воридгардида (10821) 11829 адад парвандаҳо баррасӣ карда шуда, бо баровардани қарор 11113 адад, (125) 128 адад парвандаҳо дар барасии суди қатъ гардида, 553 адад парвандањо барои барасмиятдарорӣ баргардонида шуда, 35 адад парвандањо аз рўи тобеияти судӣ ирсол карда шуда, (51) 32 адад парвандаҳо ба нимсолаи аввали соли 2023 боқӣ мононда шудааст.

Дар давраи ҳисоботи вобаста ба парвандањои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳамагӣ (2697) 3029 адад таъинотҳои хусусӣ бароварда шуда, (3310) 3913-адад парвандањои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар маљлисҳои сайёри судӣ баррасӣ карда шудааст. Аз рўи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи умумӣ (4212826 сомонӣ) 4971336,4 сомонӣ ҷазои ҷарима таъин карда шуда, аз ин (2791120 сомонӣ) 3951911,4 сомонӣ рўёнида шуда, маблағи боќимонда (1421706 сомонӣ) 1019425 сомониро ташкил медињад.

Дар ҳамин давра (84) 80 адад ҷамъбастиҳои амалияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гузаронида шудааст.

Дар соли 2022 ба судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамагӣ (3083) 2732 адад парвандаҳои гражданӣ ворид гардида, аз ин (432) 389 адад парванда аз соли 2021 боқӣ мононда шудааст. Аз парвандаҳои воридгардида (2694) 2372 адад парвандаҳо баррасӣ карда шуда, (422) 351 адад парвандањо бе баррасӣ мононда шуда, (223) 223 адад парвандаҳо дар барасии суди қатъ карда шуда, (389) 360 адад парвандаҳо ба нимсолаи аввали 2023 боқӣ мононда шудааст. Вобаста ба парвандаҳои гражданӣ ҳамагӣ (488) 528 адад таъинотҳои хусусӣ бароварда шуда, (761) 737 адад парванда дар маљлисњои сайёри судӣ баррасӣ карда шудааст. Ҳамзамон  бо парвандањои гражданӣ (231782,08 сомонӣ) 154343,72 сомонӣ боҷи давлатӣ рўёнида шудааст.

Дар ҳамин давра (53) 50 адад ҷамъбастиҳои амалияи судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ гузаронида шудааст.

Дар соли 2022 ба судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамагӣ (16888) 19010 адад парвандаҳои оилавӣ ворид гардидааст, ки аз ин (1704) 2213 адад парвандаҳо аз соли 2021 боқӣ мононда шудааст. Аз парвандаҳои воридгардида (16381) 16922 адад парвандаҳо баррасӣ карда шуда, (1736) 1900 адад парвандаҳо бе баррасӣ мононда шуда, (1195) 1172 адад парвандаҳо дар баррасии суди қатъ карда шуда, (2211) 2088 адад парвандаҳо ба нимсолаи аввали соли 2023 боқӣ мононда шудааст. Вобаста ба парвандаҳои оилавӣ ҳамагӣ (3100) 3519 адад таъинотҳои хусусӣ бароварда шуда, (3321) 3975 адад парванда дар маљлисњои сайёри судӣ баррасӣ карда шудааст. Аз рўи парвандаҳои оилавӣ ҳамагӣ (382805,23 сомонӣ) 384102,23 сомонӣ боҷи давлатӣ рўёнида шудааст.

Дар ҳамин давра (76) 78 адад ҷамъбастиҳои амалияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ гузаронида шудааст.

Судяҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар давраи ҳисоботи (4264) 4058 маротиба бо аҳолии вилоят вохуриҳо гузаронида,  ба воситаи Садо  (558) 570  маротиба,   Симо (505) 521 маротиба баромад карда ва (335) 355 мақолаҳои судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят дар рӯзномаҳо ба чоп расонида шудааст.