Табрикоти Раиси Суди вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни Рӯзи модарон — 8 март

Санаи 7 марти соли ҷорӣ раиси Суди вилояти Хатлон ҳайати занҳоеро, ки дар суди вилоят кору фаъолият мекунанд бо Рӯзи модарон табриқ намуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Солҳои дароз аст, ки мақоми зан дар ҳокимияти судӣ, ба хусус дар суди вилоят зери таваҷҷухи хосса буда, барои фаъолияти онҳо шароити мусоид фароҳам оварда, баҳри пешбарӣ дар вазифаҳои гуногун чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Суди вилояти Хатлон имрузҳо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, мақому манзалати занро дар ҳокимияти судӣ дастгирӣ намуда, барои фаъолияти занҳои фаъол шароити арзанда  фароҳам меоварад.