Иштирок дар чорабинии тантанавӣ бахшида Ба «Рӯзи даъватшавандагон» дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон (03.04.2023 сол)
Санаи 3 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон чорабинии тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи даъватшавандагон» баргузор гардид. Дар чорабиниии мазкур ҷавонписарони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки синну солашон барои адои хизмати ҳарбӣ расидаанд бо тантана ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шуданд.
Дар чорабинии мазкур роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилояти Хатлон аз он ҷумла раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор иштирок варзиданд.