МАШҒУЛИЯТИ СЕМИНАРИИ СУДЯҲОИ СУДИ ВИЛОЯТ ВА СУДҲОИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН (26.05.2023 сол)

    

Санаи 26 майи соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон машғулияти семинарии судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои моҳи майи соли 2023 баргузор гардид.

Дар машғулияти семинарии мазкур    муовини якуми раиси Суди вилояти Хатлон Шамсулло Салим, муовинони раиси суди вилоят Наимзода Пайрав Сулаймонӣ, судяҳои суди вилоят, раисон ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон,  судяҳои Суди ҳарбии гарнизони Хатлон иштирок варзиданд.

Дар семинари мазкур судяҳои масъул тибқи Нақшаи гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ дар мавзуҳои гуногун баромад намудан.

Инчунин дар семинар дигар масъалаҳое, ки ҳангоми баррасии парвандаҳо ташвишовар мебошанд, ин яъне дуруст татбиқ намудани меъёрҳои моддӣ ва мурофиавӣ, даст назадан ба кирдорҳои пастзанандаи шаъну шарафи судягӣ, пишгирии омилҳои коррупсионӣ дар судҳо, хушмуомила будан бо шаҳрвандон ва сари вақт бо сифат баррасӣ намудани парвандаҳо мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифта шуд.

Баъди хтима ёфтани семинар-машғулият аз тарафи роҳбарияти Суди вилояти Хатлон собиқ муовини якум раиси Суди шаҳри Бохтар муҳтарам Муҳидинзода Сайфиддин Салоҳ барои бо сари баланд ба нафақа баромаданаш қадрдонӣ кард шуд.