Таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти судӣ дар Хатлон

 

Имрӯз, 25 октябр, дар Театри мусиқӣ-мазҳакавӣ ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти судӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Сайдали Сабзалӣ, раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам  Расулзода Нуриддин Ғафор, муовини Раиси вилоят Хатлон муҳтарам Каримзода Ҷамшед Абудраҳмон,  муовинони раиси Суди вилояти Хатлон, намояндагони мақомоти судӣ, роҳбарон,  собиқадорони соҳа, инчунин меҳмонони фахрӣ иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки мақсад аз баргузории  чорабинии мазкур пеш аз ҳама арҷгузорӣ ба заҳмати кормандони мақомоти судӣ дар таъмини адолат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва риояи қонунмандӣ унвон шуд.

Муовини  раиси вилояти Хатлон ба сухан баромада, аз номи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид кормандони суди  зикр дошт, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули фаъолияти доманадори мақомоти судӣ дар кишвар, аз ҷумла дар вилояти Хатлон заминаи мусоид фароҳам сохт.  Дар ин давра барои таҳкиму такомули мақомоти судӣ якчанд барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ қабулу татбиқ шудааст. Онҳо баҳри пешрафти соҳа, баланд бардоштани мақоми суд дар ҷамъият, таъмини шароити мусоид барои баррасӣ ва ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва дар маҷмӯъ, ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ нақши босазо доранд.

 

Сипас, раиси Суди вилояти Хатлон Расулзода Нуриддин Ғафор ба сухан баромада, зикр дошт, ки Суд дар низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ шохаи мустақили ҳокимият эътироф  карда шудааст, ки он аз ҷониби судҳо ва аз номи давлат амалӣ гардида, адолати судиро аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва баҳсҳо вобаста ба мутобиқати меъёрҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба Контстутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд.

 

Дар охир, ба як зумра кормандони пешқадами соҳа Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ва суди вилояти Хатлон  супорида шуд. Ҷамъомадро, барномаи рангини консертии фарҳангчиени вилояти Хатлон шукӯҳу шаҳомати тоза бахшид.