Машғулияти семинарии судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон (01.11.2024 сол)
Санаи 1 ноябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Кохи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон машғулияти семинарии якҷояи судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои моҳи ноябри соли 2024 баргузор гардид.
Дар машғулияти семинарии мазкур раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор, муовини якуми раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Аҳёзода Шамсулло Салим, муовини раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Наимзода Пайрав Сулаймонӣ, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок варзиданд.
Дар семинари мазкур судяҳо ва кормандони масъул тибқи Нақшаи гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ дар мавзуҳои гуногун баромад намудан.
Инчунин дар семинар дигар масъалаҳое, ки ҳангоми баррасии парвандаҳо ташвишовар мебошанд, ин яъне дуруст татбиқ намудани меъёрҳои моддӣ ва мурофиавӣ, даст назадан ба кирдорҳои пастзанандаи шаъну шарафи судягӣ, пишгирии омилҳои коррупсионӣ дар дастгоҳи судҳо, хушмуомила будан бо шаҳрвандон ва сари вақт бо сифат баррасӣ намудани парвандаҳо мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифта шуд.