Таҷлили Рӯзи Парчам

22 ноябр дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ ва роҳпаймоии идона баргузор гардид.

Ҷамъомади мазкур бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон доир гардида, дар он кормандони Суди вилояти Хатлон ва Суди шаҳри Бохтар, инчунин кормандони дигар ташкилоту муассисаҳо, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳу коллеҷҳо, ҷавонон ва варзишгарон, инчунин, низомиён ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, ҷамъан беш аз 20 ҳазор нафар фаъолона иштирок карда, эҳтироми Парчами давлатиро ҳамчун саодатномаи миллат, нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо оварданд.

Роҳпаймоии идона дар фазои идона, бо шиору парчамҳо дар дасти иштирокчиён доир гардида, онҳо бо ифтихори бузург ва самимияти бепоён ҳамдигарро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ муборакбодӣ мегуфтанд.

Пас аз роҳпаймоии идона дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмати тантанавии ҳамоиш барпо гардид.