Таъиноти кадрӣ дар мақомоти судӣ

4 март дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар мақомоти судӣ ба вазифаҳои судя, муовин ва раисони судҳои як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар таъин гардидаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судяҳо, раисони суди як қатор шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таъин гардиданд.

Аксари онҳое, ки имрӯз дар мақомоти судӣ  таъин шуданд, кадрҳои ҷавону корозмуда мебошанд. Бояд гуфт, ки дар мақомоти судӣ бонувону духтароне, ки парвардаи даврони соҳибистиқлолӣ мебошанд, ба вазифаҳои пурмасъули мақомоти судӣ таъин шуданд.

Аз шумораи умумии кадрҳои навтаъингардида 65 нафарашон ба ҳайси судя-коромӯз бори аввал ба вазифаи судя таъин карда шуданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди мақомоти судӣ, амалисозии барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ, такмили қонунгузории соҳа ва боз ҳам беҳтар намудани вазъи иҷтимоии кормандони мақомоти судӣ  бо таҳлилҳо андешаронӣ намуданд.

Президенти кишвар барои ислоҳи камбудиҳо, аз ҷумла риояи муҳлати баррасии парвандаҳо, таъмини адолати судӣ ва волоияти қонун дар назди кадрҳои навтаъиншуда вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Ба роҳбарони масъул супориш дода шуд, ки ба масъалаҳои ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии онҳо, инчунин, андешидани чораҳои қатъӣ барои пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони мақомоти судӣ  ба бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва забономӯзӣ ҳидоят намуданд. Бояд гуфт, ки барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ, ба судяҳо ду сол муҳлат дода шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат судяҳоро ба фаъолияти содиқонаю софдилона дар роҳи хизмат ба давлат ва мардуми Тоҷикистон, риояи фарҳанги волои муомилаю муошират ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ раҳнамун карданд.

https://prezident.tj/