Машғулияти семинарии судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон (28.03.2025 сол)

  

Санаи 28 марти соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи бинои Иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон  машғулияти семинарии судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои моҳи марти соли 2025 баргузор гардид.

Дар машғулияти семинарии мазкур раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор, муовини якуми раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Аҳёзода Шамсулло Салим, муовини раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Наимзода Пайрав Сулаймонӣ, муовини раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Ғиёсиддин Низом, муовини раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Бобоҷони Шералӣ, судяҳои суди вилоят, раисон ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон  иштирок варзиданд.

Дар семинари мазкур судяҳои масъул тибқи Нақшаи гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ дар мавзуҳои гуногун баромад намудан.

Аз ҷониби раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор муовинони раиси суди вилоят, судяҳои суди вилоят, раисон ва судяҳои шаҳру ноҳияҳое, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудаанд, шинос карда шуданд.

Инчунин дар семинар дигар масъалаҳое, ки ҳангоми баррасии парвандаҳо ташвишовар мебошанд, ин яъне дуруст татбиқ намудани меъёрҳои моддӣ ва мурофиавӣ, даст назадан ба кирдорҳои пастзанандаи шаъну шарафи судягӣ, пишгирии омилҳои коррупсионӣ дар судҳо, хушмуомила будан бо шаҳрвандон ва сари вақт бо сифат баррасӣ намудани парвандаҳо мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифта шуд.