МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ СУДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ВА СУДҲОИ ШАҲРУ НОҲИЯИ ОН ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2025

  

Санаи 4 июли соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти Суди вилояти Хатлон ва судҳои шаҳру ноҳияҳои он дар нимсолаи якуми соли 2025 баргузор гардид.

Дар маҷлис муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Тағозода Абдуқаҳҳор Саидмурод, раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор, муовини якуми раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Аҳёзода Шамсулло Салим, муовинони раиси Суди вилояти Хатлон  Наимзоад Пайрав Сулаймонӣ, Бобоҷони Шералӣ ва Мирзозода Ғиёсиддин Низом судяҳои суди вилоят, сардорони шуъбаҳои суди вилоят, раисон, муовинон ва судяҳои  судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.

Маҷлисро муовини Раиси Суди Олӣ муҳтарам Тағозода А.С. ифтитоҳ намуда, дар сухани ифтитоҳии худ аз пешрафтҳо ва мушкилоти мавҷуда дар самти татбиқи адолати судӣ, таъмини қонуният, таҳкими интизоми судяҳо ва баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо ёдовар шуданд.

Сипас, аз ҷониби муовини раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Наимзода П.С. ҳисоботи муфассал оид ба натиҷаҳои фаъолияти судҳои вилоят дар шаш моҳи сипаригардида ироа гардид. Дар он сабабу омилҳои баррасии саривақтӣ ё бо таъхир, ҳолатҳои бекоршавии қарорҳо ва дигар нишондиҳандаҳо мавриди таҳлил қарор гирифтанд.

Изображение WhatsApp 2025-07-04 в 19.29.30_92c12e24.jpgИзображение WhatsApp 2025-07-04 в 19.29.31_0e721c22.jpg

Баъди ироаи ҳисобот ахбороти раисони судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон шунида шуда, натиҷаи фаъолияти онҳо мавриди муҳокима қарор гирифта шуд.

Дар хотимаи маҷлиси ҷамъбастӣ муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Тағозода А.С. ҳамаи судяҳои вилояти Хатлонро таъкид намуд, ки дар фаъолияти худ ҷиддӣ буда, даст ба кирдҳорҳои пастзанандаи шаъну шарафӣ судягӣ назананд, бо шаҳрвандон хушмуомила бошанд, ҳангоми қабули санадҳои судӣ меъёрҳои қонунҳоро дуруст татбиқ намояд, интизоми меҳнатиро риоя карда, ҳамаи камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф карда, минбаъд ба ин камбудиҳо роҳ надиҳанд.