Конфронси илмӣ-амалӣ бахшида 34-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 4 сентябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон бо иштироки раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор, муовинони раиси суди вилоят, судяҳо, кормандони дастгоҳи суди вилоят ва намояндагони Муассисаи давлатии телевизиони Ҷаҳоннамо Конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Конфронси илмӣ-амалиро раиси суди вилоят муҳтарам Расулзода Н.Ғ. кушода эълон кард.

Дар Конфронси мазкур раиси суди вилоят муҳтарам Расулзода Н.Ғ, судяҳои суди вилоят Муминзода Ҳасан Камол, Назарзода Аҳлиддин Саид ва котиби маҷлиси судии суди вилоят Тағаева Нилуфар Базарқуловна дар мавзуҳои марбут ба Истиқлолияти давлатӣ баромадҳо доир намуданд.