Дастовардҳои Истиқлолият ва нақши он дар таҳкими ҳокимияти судӣ

Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузург дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошад.

«Истиқлолият» мафњуми арзишманд ва дар навбати худ калиде мебошад, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар як миллат аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ санаи 9 сентябри соли 1991 марҳалаи нави таърихии худшиносӣ ва давлатсозиро оғоз намуд. Ин санаи тақдирсоз на танҳо ифодагари орзую ормонҳои чандинсолаи мардуми кишвар, балки заминагузори ташаккули низоми сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар гардид.

Тӯли 34 сол, Истиқлолият бо ташаббус, роњнамои ва сиёсати хиратмандонаи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифт.

Дар ҳамаи соҳаҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқи қабул гардида, мунтазам фаъолияти мақомотҳои давлатӣ таҳкиму рушд меёбанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар арсаи байналмилалӣ мақоми шоиста пайдо намуд.

Яке аз самтҳои муҳими таҳкими давлатдорӣ ин такмилу рушди шохаҳои ҳокимият мебошад. Ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ҳамчун пояҳои давлатдории муосир ба таври возеҳ ҷудо гардида, самаранокии фаъолияти онҳо пайваста афзоиш ёфта истодааст.

Ҳокимияти судӣ, ки рукни муҳими давлатдорӣ ва кафили адолати иҷтимоиаст, дар даврони истиқлолият мавқеи хосса пайдо намуд. Бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои соҳавӣ пояҳои ҳуқуқии фаъолияти судҳо мустаҳкам гардида, истиқлолияти ҳокимияти судӣ таъмин карда шуд.

Дар даврони соҳибистиқлоли як қатор барномаҳои давлатӣ аз љумла барномаи ислоњоти судиву ҳуқуқӣ таҳия ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Аз љумла барои баланд бардоштани сатҳи касбияти судяҳо, таҷдиду муҷаҳҳазсозии биноҳои суд ва ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ амалӣ гардида истодаанд.

Дар замони истиқлолият:

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул ва такмил дода шуд.

Мақоми судяҳо аз лиҳози ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва моддӣ таҳким ёфт.

Принсипҳои асосии адолати судӣ-мустақилият, қонуният, баробарии шаҳрвандон дар назди қонун ва суд – дар амал татбиқ мешаванд.

Њамзамон дар ин давра санаи 5 декабри соли 2024, бинои  Суди Олии Љумњурии Тоҷикистон, дар маркази шањри Душанбе, сохта пурра ба истифода дода шуд.

Сиёсати роҳбарияти давлат дар самти тақвияти ҳокимияти судӣ пеш аз ҳама ба таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ равона гардидааст.

Истиқлолият ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият дод, ки низоми судии худро мутобиқи арзишҳои миллӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ рушд диҳад. Имрӯз адолати судӣ на танҳо кафили ҳимояи қонун, балки воситаи асосии таҳкими иттиҳод, субот ва адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа мебошад.

Имрӯз мо бо ифтихор метавонем бигӯем, ки ҳокимияти судӣ дар кишвар ба яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ табдил ёфта, ҳамчун таъминкунандаи адолат, ҳимоятгари ҳуқуқ ва кафили баробарии шаҳрвандон дар назди қонун фаъолият менамояд.

Истиқлолият рамзи озодӣ ва худшиносии миллӣ буда, дастовардҳои он аз ҷумла таҳкими ҳокимияти судӣ  пойдевори давлатдории миллии тоҷикон ба ҳисоб мераванд.

 

Судяи Суди вилояти Хатлон                          Назарзода Аҳлиддин Саид