Чорабинии идона бахшида ба Иди касбии кормандони мақомоти судӣ

   

Санаи 24 октябри соли 2025 дар толори театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар чорабании идона бахшида ба Иди касбии кормандони ҳокимияти судӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Лутфуллозода Шавкат, муовини раиси вилояти Хатлон муҳтарам Заробиддин Файзуллозода, раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор, муовинони  раиси суди вилоят, судяҳои суди вилоят, кормандони дастгоҳи суди вилоят, раисон, муовинони раисон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, кормандони сохтарҳои қудратӣ ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ иштирок карданд.

Ҳамзамон дар чорабинии мазкур собиқадорони ҳикимияти судӣ низ даъват шуда, иштирок варзиданд.

.

Инчунин, барои саҳми арзанда гузоштан дар фаъолияти корӣ ва таъмини адолати иҷтимоӣ  як қатор раисон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди вилоят ва судҳои шаҳур ноҳияҳои   вилояти Хатлон бо ифтихорномаҳо сарфароз гардинида шуда, дар асоси қарори раиси вилояти Хатлон ба собиқадорони ҳокимияти судӣ маблағҳои пулӣ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳамчуни кумаки якдаъфаина супурда шуд.

Баъди маросими супоридани баромадҳо ва супоридани ифтихорномаҳо намоиши идона баргузор гардид, ки дар он санъаткорони вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе ба монанд  Ш.Сайнаков, устод ва санъаткори шоистаи ҷумҳурӣ Авзалшои Шодӣ иштирок доштанд.