ПРЕЗИДЕНТ КАФИЛИ СУЛҲУ ВАҲДАТ

Президент дар кишварҳои гуногун таърихи хеле қадима дорад. Ҷомеаҳои мутамаддин ҳамеша санаҳои сарнавиштсоз ва хосро гиромӣ дошта, ба хотири арҷ ва эҳтиром гузоштан чунин рӯзҳоро бо шукуҳу шаҳомат ва тантанаи хос таҷлил менамоянд. Агар ба таърихи таҷлил намудани рӯзи Президент таваҷҷуҳ намоем, маълум мегардад, ки имрӯз дар як қатор давлатҳои ҷаҳон чунин рӯз ҷашн гирифта мешавад.

Масалан, дар Амрико, Қазоқистон ва дигар давлатҳо ҳамасола рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад. Амрикоиҳо, ки дар ҷаҳон яке аз ташаккулдиҳандагони ҷомеаи озод ва демократӣ муаррифӣ гаштаанд, ҳанӯз аз оғози соли 1970 бо қонуни давлати худ дар бораи рузҳои ид тағйирот ворид карда, ба хотири арҷ гузоштан ба хизматҳои Президент дар роҳи рушди озодӣ, таъмини адолат ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ҳамасола рӯзи Президентро душанбеи сеюми моҳи феврал таҷлил менамоянд.

Таҷрибаи таҷлил намудани рӯзи Президент дар Ҷумҳурии Қазоқистон низ ба мушоҳида мерасад. Дар Қазоқистон рӯзи Президентро барои хизматҳои шоиста, ҳифзи истиқлол ва таъмини озодиву субот таҷлил менамоянд. Парлумони Қазоқистон соли 2011 қонун оид ба рӯзҳои идро қабул намуд, ки тибқи он 1 декабр ҳама сола рӯзи Президенти аввалин Ҷумҳурии Қазоқистон таҷлил карда мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шуруъ аз соли 2016 санаи 16 ноябр дар саросари кишвар ҳамчун Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз барои мо хеле азизу гиромист. Ҳама чиз дар қиёс хубтар фаҳмида мешавад. Мо бояд донем, ки дирӯзи мо чӣ гуна буд ва имрӯз то куҷо расидем.

Сарнавишт дар як замони пурталотум ва ҳалокатбор ба миллати тоҷик шахсиятеро эҳдо кард, ки тавонист роҳи наҷоти ӯро пайдо намояд. Ин шахс Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон буд.

Дар ибтидои солҳои 1990 Тоҷикистони азиз ба даргириҳои шадид кашида шуд. Дар натиҷа ҷомеаро ҳисси ноумедӣ, нобоварӣ ба фардо, ғорату дуздӣ, хунрезӣ, гуруснагӣ фаро гирифт ва як қисми мардуми мо ночор ба кишварҳои ҳамсоя фирор намуда, гуреза шуданд.

Дар чунин вазъияти ҳассос шахсият ва роҳбари сарсупурдае лозим буд, ки тамоми нерӯи худро ба ҳифзи Истиқлоли миллӣ ва наҷоти Ватан равона созад, ҷумҳуриро аз вартаи парокандагӣ ва нобудшавӣ наҷот диҳад.

Худованд чунин шахсро ба миллати тоҷик ато фармуд. Санаи 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардид ва дар он Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Ин абарманди хирад ҳануз аз лаҳза ба сифати раиси Шӯрои Олӣ интихоб гаштан, савганд ёд намуд, ки ба Тоҷикистон сулҳ меорам, то охирин муҳоҷирро ба Ватан бармегардонам ва миллати азияткашида ва парокандаи тоҷикро сарҷамъ менамоям.

Пас аз талошҳои ҷонфидоёна, сафарҳои пурхатар ва гуфтугуҳои созанда бо гуруҳҳои мухталифи сиёсӣ ба ин абармарди сиёсат, шуҷоъ ва хирадманд муяссар шуд, ки ба ивази гарави ҷони худ ваҳдату сулҳро дар кишвар барқарор намояд.

Аз ин ҷост, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ин сарвари худро аз ҷон бештар дӯст дошт, ба ӯ бовар намуд ва ояндаи кишварро ба он кас супурд ва дар ин кор хато накард.

Имрӯз кишвари мо бо ташаббуси ин абарманди сиёсат, дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби обрӯи бесобиқа гашта, таҷрибаи сулҳи тоҷикон сарлавҳаи дастуру китобҳои сиёсатшиносӣ гаштааст. Рушди кишвар, ободиву тинҷӣ ва сатҳи зиндагии мардуми мо хеле боло рафта, Тоҷикистон аз кишварҳои амнтарини дунё ҳисобида мешавад ва Душанбе ба пойтахти чорабиниҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст.

Маҳз бо назардошти чунин заҳмату сифатҳои бузурги роҳбарӣ ва саҳми арзандаи Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, бо ташаббуси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2015 лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» таҳия гардида, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Пас аз такмилу мавриди таҷдиди назар қарор додан, Қонуни конститутсионии мазкур аз 14 ноябри соли 2016 мавриди истифодаи умум қарор гирифт.

Ҳамзамон, ба хотири арҷгузорӣ ва эҳтиром ба мансаби олии давлатӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи садоқат ба Ватан, Президент ва миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ ва воқеияти ҳаёти ҳуқуқии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Дар лоиҳаи пешниҳодшуда масъалаи ба рӯзҳои ид илова намудани таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 ноябр пешбинӣ шуд. Ҳамин тариқ лоиҳаи мазкур 14 марти соли 2016 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро 15 апрели соли 2016 ҷонибдорӣ намуд.

Ҳоло ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин, пеш аз ҳама, эҳтиром ва ихлоси бепоён ба миллату давлат, кишвари ободу зебо, шукуфону гулафшон, сулҳу ваҳдати пойдори миллӣ, шакли комгори давлатдории президентӣ ва арҷ гузоштан ба хидматҳои мондагори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тантанаи демократия ва сулҳу ваҳдат, волоияти қонун, озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда, таҳкими истиқлолияти миллию давлатӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву устувории давлат, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегии  давлату миллат ва ягонагиву якдилии тамоми мардуми кишвар мебошад.

Имрӯз ҳар як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кулли тоҷикони дунё Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Сарвари оқилу доно, сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, роҳбари фозилу хирадманд, сулҳофару ваҳдатсоз қадр мекунанд. Маҳз бо шарофати ҷонбозию мардонагӣ ва қаҳрамониҳои Президенти кишвар ватани азизамон бо қадамҳои қатъию устувор дар фазои сулҳу осоиш ва рушду субот ба пеш равона аст.

Имрӯз миллати тоҷик бо чунин роҳбари оқилу доно ифтихор аз он доранд, ки дар баробари дигар халқҳои олам ҳуқуқу овози баробар дошта, ҳувияти миллии хешро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони ихлосу самимият, муҳаббат ва қадршиносии миллати мо нисбат ба Сарвари маҳбубу раҳнамо, рамзи муттаҳидии мардум дар атрофи Пешвои муаззами миллат аст.

Сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро вазифадор менамояд, ки барои амалӣ гардидани ҳадафҳои давлату Ҳукумат дар самти таҳкими рукнҳои давлатдории навини Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ тамоми нерӯ, қудрат, тавоноӣ ва донишу таҷрибаамонро ба кор барем.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

 

Мирзозода Абдуҷаббор Азиз

Судяи суди вилояти Хатлон