Роҳпаймоии идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 24 ноябри соли равон соати 09:00 дақиқа дар шаҳри Бохтар роҳпаймоии идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин чорабинии тантанавӣ кормандони Суди вилояти Хатлон ва Суди шаҳри Бохтар  низ бо рӯҳияи баланд ва эҳсоси  ватандӯстӣ фаъолона иштирок намуданд.

Роҳпаймоӣ аз терминали мусофиркашони марказӣ шаҳр оғоз ёфта, иштирокчиён бо парчамҳои давлатӣ ва шиорҳои ватандӯстона роҳ сӯи майдони Парчами давлати пеш гирифтанд. Ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш — гиромидошти яке аз муқаддасоти давлатӣ ва тарғиби эҳтиром ба рамзҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Кормандони дастгоҳи Суди вилояти Хатлон ва Суди шаҳри Бохтар  бо муттаҳидӣ ва иштироки созанда дар ҷараёни роҳпаймоӣ саҳми арзандаи худро гузоштанд.