ПАРЧАМ ҲАМЧУН РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛИИ ДАВЛАТДОРӢ
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон аз давлату давлатдорӣ, иттиҳоду иттифоқи миллати тоҷик, рамзи қудрату тавоноӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва муқаддасоти миллии мост, ки дар худ ормонҳои дирӯзу имрӯз ва фардои дурахшони миллати соҳибтамаддуну шарафманди тоҷикро ифода намудааст.
Парчами миллӣ ифодагари ору номус, шаъну шараф ва эътибори милливу давлатии тоҷикон буда, муҳаббат ва ифтихори доштани он дар қалби ҳар ватандор маъво гирифтааст.
Имрӯз мо дар арафаи таҷлили иди пуршукуҳ, яъне рӯзи қабули яке аз рамзҳои давлатӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем.
Дар асоси моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст», ки ҳар кадоми онҳо дар тарбияи ватандӯстӣ ва ҳисси миллӣ нақши муҳиму сазовор доранд.
Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад.
Бо дидану шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, марзу буми Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз ватану ватандорӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз, зери мавҷҳои Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва меоянд.
Бояд қайд намуд, ки қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи худро дорад. Парчами нави давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар давраи барои халқи Тоҷикистон ниҳоят ҳассосу таърихӣ дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрезӣ ва қабул гардидааст, ки ҳамчун рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзиши бебаҳои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, таҷассумгари гузашта ва ояндаи дурахшони мардуми ватани азизу маҳбубамон ба ҳисоб меравад.
Барои таҳияву пешниҳод намудан ва қабули рамзҳои нави Тоҷикистони соҳибистиқлол муддати ду сол қувваҳои эҷодиву ҷустуҷуӣ сарф шудааст. Аввалҳои соли 1990 аз ҷониби Шурои Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон барои таҳия намудани рамзҳои нави давлатӣ, озмун эълон карда шуд ва дар ин озмун тахминан 250 нафар ширкат варзиданд.
Вобаста ба таҳия намудани рамзҳои нави давлати комиссияи махсус ташкил карда шуд, ки сарварии ин комиссияро президенти ҳамонвақтаи Акадамеяи илмҳои Тоҷикистон академик Муҳаммад Осимӣ ба уҳда доштанд. Аз муаллифон ва коллективҳои эҷодии тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 200 адад пешниҳодҳо вобаста ба лоиҳаи рамзҳои нави давлатӣ ворид гардида буд.
Вобаста ба таҳияи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин аз тарафи Донишкадаи таърих, Донишкадаи астрофизика ва кумитаи Ҷумҳуриявӣ оид ба терминология лоиҳаҳои рамзҳои давлатии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда буданд. Дар охири озмун аз байни санъатшиносон ва рассомон вобаста ба таҳияи рамзҳои давлати гурӯҳ интихоб карда шуд, ки аз он ҷумла рассоми халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев — роҳбар ва лоиҳакаш, Лариса Додхудоева — рассом ва санъатшинос номзади илмҳои санъатшиносӣ, Анатолий Заневсий — президенти иттифоқи дизайнерҳои Тоҷикистон ва Ирина Игнатушина — санъатшинос ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон шомил буданд.
Аз тарафи муаллифон лоиҳаи Парчами давлатӣ, ҳамчун матои росткунҷаи се рахаи рангаи уфуқӣ, иборат аз ранги сурх, сафед ва сабз пешниҳод шуд, ки рахи ранги сафед якуним баробари рахҳои ранги сурх ва сабзро ташкил мекард ва бари матоъ бошад якуним баробари дарозии онро ташкил мекард.
Дар аввал ба сифати ангораҳои асоси муаллифон дар Парчами давлатӣ нақши шер, тоҷ ва ситораҳоро нақшнигорӣ намуданд. Нақши шер аз анъанаҳои форсу-тоҷик сарчашма гирифта, ҳамчун рамзи боақлӣ, ҷасурӣ ва адолатро ифода менамуд.
Баъд аз ин гуруҳи корӣ дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷои нақши шер нақши тоҷ ва ҳафт ситораро чой намуданд.
Қобили қайд аст, ки нақши тоҷ, ки дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шуд, ин рамзи давлатдории халқи тоҷдори тоҷик, яъне тоҷ таҷассумгари муттаҳидсозии давлату миллатро ифода менамояд. Дар баробари нақши тоҷ дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳафт ситора дар қисми болои тоҷ дар шакли нимдоира ҷой карда шуд, ки ин рамзи саодат, адолат, хушбахтӣ, покӣ, ваҳдат, меҳр ва садоқат дониста мешавад. Ҳафт адад дар фарҳанги тоҷикон мавқеи муҳим дошта, рамзи камол ва пуррагӣ аст.
Дар давраи кори комиссия оид ба пешниҳоди лоиҳаи рамзҳои давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 соҳибистиқлолии худро ба даст овард, ки муаллифон бо дарназардошти ташкилшавии давлати навини тоҷикон ва ба даст овардани истиқлолият, арзишҳои миллӣ таърихию фарҳангии халқамонро ба назар гирифта, ранги сурхро, ки дар Парчами давлатӣ ҷой дода шудааст, ҳамчун ифодагари — мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед — бахту иқболи сафед, нияти неки халқамон ва ранги сабз — саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати халқ, ки аз он кишварамон сабзу хуррам мешавад, маънидод карда шуд.
Дар санаи 24 ноябри соли 1992 гуруҳи корӣ оид ба таҳияи рамзҳои нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ба Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Парчами нави давлатиро ба муҳокимаи вакилони халқ пешниҳод намуданд.
Ҳамон лоиҳаи Парчами давлатӣ, ки таҷҷасумгари таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии халқамон мебошад ва имрӯз мо онҳоро дар Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебинем, дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо сарварии раиси нав интихобгардидаи Шӯрои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби вакилони халқ якдилона барои қабул намудани он ҳамчун Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз дода шуд.
Рӯзи дигар, яъне 25 ноябри соли 1992 рамзи нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон — Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толори Шӯрои Олӣ ворид карда шуд ва аввалин маротиба раиси тозаинтихоби ҳамонвақтаи Шӯрои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Парчами давлати сари таъзим фурӯд оварда, қасам ёд намуданд.
Бояд қайд намуд, ки баъди ин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар болои бинои қасри «Арбоб» дар шаҳри Хуҷанд, ки дар он ҷо Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор гардида буд, барафрохта шуд.
Эҳтироми арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди милли ҳамчун ифодагари ифтихори миллӣ, пойдории давлат ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию таърихӣ ба ҳисоб меравад.
Вазифаи мо насли имрӯзаи миллат, барои дар руҳияи эҳтиром доштану рӯ овардан ба арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба онҳо, тарбия намудани ҷавонону наврасони миллатамон мебошад.
Бояд қайд намоям, ки вобаста ба тартиби истифодабарии Парчами давлатии Тоҷикистон 11 декабри соли 1992 «Низоманома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 12 майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ инчунин садоқат ба яке аз рамзҳои асосии давлат — Парчами Тоҷикистон бо фармони худ аз 20 ноябри соли 2009 рӯзи 24 ноябрро рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд ва бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро ба парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд.
Боиси хушҳолист, ки бо қабули Қонуни мазкур ҳар сол 24 ноябр ҳамчун Рӯзи иди Парчами давлатӣ бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ ҷашн гирифта мешавад.
Ба хотири мақому манзалати Парчам дар рукни давлатдорӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояи бунёди манораи бузурги Парчамро пешниҳод намуданд, ки аз тарафи умум ҷонибдории комил ёфт. Дар дуюмин солгарди рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон маросими бунёди манораи бузурги Парчам оғоз гардида, дар давоми як сол ба анҷом расид ва дар арафаи 20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон санаи 30 августи соли 2011 дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 метр, ки ҳамчун баландтарин пояи парчами давлатӣ дар мамолики ҷаҳон мебошад, парафшон гардид, ки баландтарин ливо дар ҷаҳон ба китоби рекордҳои Гиннес дохил гардид. Паҳноии худи Парчам 30 метр ва дарозии он 60 метрро ташкил медиҳад.
Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба парчами давлатӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Бигзор Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар минбарҳои байналмиллалӣ ва созмонҳои ҷаҳонӣ инчунин дар кишвари зебову офтобруяи мо Тоҷикистони азиз парпарафшон бошад.
Фархунда бод Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Судяи суди вилояти Хатлон
Мирзозода Абдуҷаббор Азиз
Суди вилояти Хатлон 




