Боздиди Суди ноҳияи Данғара аз ҷониби Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

19 декабри соли 2025 Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, дар доираи сиёсати пайгиронаи таҳкими адолати судӣ ва баланд бардоштани сифати фаъолияти ҳокимияти судӣ ба Суди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сафар намуданд.

Раиси Суди Олӣ ташкили фазои мусоиди кориро ҳамчун қадами устувор дар роҳи боло бурдани нуфузи суд, таъмини дастрасии шаҳрвандон ба адолати судӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии ҳуқуқӣ арзёбӣ намуда, зарурати идомаи чунин тадбирҳоро бо назардошти талаботи замон муҳим донистанд.