Боздиди суди ноҳияҳои Хуросон ва Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҷониби Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

30 декабри соли 2025 Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, дар доираи сиёсати пайгиронаи Пешвои муаззами миллат нисбат ба ҳокимияти судӣ, ҷиҳати таҳкими адолати судӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳокимияти судӣ, ба суди ноҳияҳои Хуросон ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом доданд.


Раиси Суди Олӣ бо шароити моддиву техникии суд, тартиби ташкили фаъолияти судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои зикршуда, инчунин бо раванди баррасии парвандаҳо аз наздик шинос шуданд.

Таъкид гардид, ки фаъолияти судҳо бояд ҳамеша ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини адолат ва волоияти қонун равона карда шавад.