РАИСИ СУДИ ОЛӢ БО ФАЪОЛИЯТИ СУДИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ НАЗДИК ШИНОС ШУДАНД
24 декабри соли 2025 Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, дар доираи сиёсати пайгиронаи таҳкими адолати судӣ ва боло бурдани самаранокии фаъолияти ҳокимияти судӣ ба суди ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом доданд.
Муҳтарам Раис зарурати идомаи чунин тадбирҳоро бо дарназардошти талаботи замон муҳим арзёбӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати боз ҳам такмил додани сатҳи хизматрасонии ҳуқуқӣ ва риояи қатъии қонуният дастуру тавсияҳои мушаххас доданд.
https://sud.tj/
Суди вилояти Хатлон 









