Маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Суди вилояти Хатлон ва судҳои шаҳру ноҳияҳои он дар соли 2025
Санаи 5 январи соли 2026 дар толори Кохи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Суди вилояти Хатлон ва судҳои шаҳру ноҳияҳои он дар соли 2025 баргузор гардид.




Дар маҷлиси ҷамъбастии мазкур муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Лутфуллозода Шавкатҷон, раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор, муовинони раиси суди вилоят, раисони судҳо, муовинони раисони судҳо ва судяҳо иштирок доштан.



Пеш аз оғози маҷлиси ҷамъбастӣ муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Лутфуллозода Шавкатҷон собиқ раиси Суди ноҳияи Ховалинг Табарзода Қамариддин Муминро барои ба нафақа баромаданаш, табрику муборакбодӣ намуда, барои содиқона дар ҳокимияти судӣ кору фаъолият карданаш, инчунин баҳри таъмини адолати судӣ барои хизмат ба ватан ва мардуми ин сарзамин изҳори сипос намуд.
Баъди суханҳои табрикотӣ Табарзода Қ.М. бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.

Сипас маҷлиси ҷамъбастиро раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор кушода эълон карда, тибқи регламенти маҷлис суханро барои ироаи ахбороти раиси суди вилоят оид ба фаъолияти натиҷаҳои Суди вилояти Хатлон дар соли 2025 ба муовини раиси суди вилоят муҳтарам Наимзода Пайрав Сулаймонӣ дод.


Баъди шуданида шудани ахбороти раиси суди вилоят барои маъруза кардан сухан ба раисони судҳо дода шуд.
Дар хотимаи маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти судҳои вилоят дар соли 2025 муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Лутфуллозода Ш. суханронӣ карда, фаъолияти суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро хуб арзёбӣ намуда, изҳор намуд, ки дар соли 2026 натиҷаҳои фаъолияти худро боз ҳам хуб карда, даст ба кирдорҳои пастзанандаи шаъну шарафи судягӣ назананд. Кормандони дастгоҳи худро назорат намоянд, то ки онҳо низ даст ба кирдорҳои пастзанандаи шаъну шарафи ҳокмимияти судӣ назананд.
Суди вилояти Хатлон 




