Вохурӣ бо фаъолони ноҳияи Кӯшониён

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Кохи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимият  давлатии ноҳияи Кӯшониён вохурии судяҳои Суди вилояти Хатлон бо фаъолони ноҳия баргузор гардид.

Судяҳои суди вилоят Мирзозода Абдуҷаббор Азиз ва Холиқзода Абдуҳаким Абдулваҳоб ба фаъолони ноҳияи Кӯшониён мазмун ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 фаҳмонида, дар хусуси пешгирии ҷиноятҳои трансмиллӣ, алалхусус пешгирии ҷиноятҳои характери экстремистиву террористидошта, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои коррупсионӣ, истифодаи ғайрқонунии қувваи барқ, зӯроварӣ дар оила, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», пешгирии вайроншавии оилаҳо, баҳсҳо вобаста ба замин, манзилҳои истиқоматӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз баромад намуданд.

  

Суди вилояти Хатлон барои мусоидат кардан ҷиҳати гузаронидани вохурӣ бо фаъолони ноҳия ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён ва Суди ноҳияи Кӯшониён изҳори миннатдорӣ менамояд.