ПАЁМИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ – ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗ ВА ДАСТУРИ РАҲНАМО
Мувофиқи моддаи 55 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Президент бо паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамояд.
Дар ҳамин замина санаи 16 декабри соли 2025 дар толори Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд.
Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи он шахсиятҳое меёбанд, ки ҳамчун сарвари сиёсӣ на танҳо дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳанги ниёгони мо хизматҳои беназир кардаанд.
Дар ин радиф, нақши суханрониҳо, баромадҳо ва бахусус паёмҳои Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, хеле муассир ба шумор рафта, барои дар амал татбиқ намудани ҳадаф ва мақсадҳои дурбинонаи Ҳукумати кишвар, чун таҳкимбахши сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон баромад менамояд.
Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва сарнавиштсози мамлакат ба ҳисоб рафта, барои фароҳам овардани рушди устувор дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҳукумати кишвар нақши калидӣ хоҳад гузошт. Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба солҳои гузашта вижагиҳои хосро дар бар мегирифт. Ҳамасола дар кишвар ин ҳуҷҷати муҳим ба таври мушаххас аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа мегардад, ки як соли рушди босуботи соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат дар он мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дўстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025-ро барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон боз як соли таърихӣ номиданд.
Сарвари давлат дар бораи рўйдодҳои таърихӣ ва санаҳои хотирмон андешаронӣ намуда, баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ номиданд.
Ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дўстии абадӣ аз руйдодҳои муҳими соли 2025 номида шуд.
Гуфта шуд, ки дар сатҳи байналмилалӣ пешниҳодҳои кишвари мо эътироф ва қабул гардид, аз ҷумла қабули қатъномаҳо доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои куҳӣ», «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хутали қадим ва қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ».
Ба андешаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рўзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад.
Сарвари давлат оид ба пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир андешаронӣ карда, вазифа гузоштанд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз саҳми бахши хусусӣ дар пешрафти кишвар ёдовар шуда, ба ҳукумати ҷумҳурӣ дастур доданд, ки барои осон намудани дастрасии бахши хусусӣ ба захираҳо, хизматрасониҳои давлатӣ, иттилоот, воситаҳои арзони молиявӣ, технологияҳо ва донишҳо барои баланд бардоштани рақобатнокӣ, таҳияву татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва таҳкими мавқеъ дар бозорҳои ватаниву хориҷӣ тадбирҳои муассир андешад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти идомаи ислоҳот ва зарурати тақвияти дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, Ҳукумати кишварро вазифадор намуданд, ки Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 — 2030-ро дар муҳлати кўтоҳ қабул ва татбиқ намояд.
Ҳамчунин, пешниҳод гардид, ки барои беҳтар намудани дастрасии соҳибкорони истеҳсолӣ ба маблағҳои арзони дарозмуддат ва афзоиш додани ҳаҷми қарз Фонди кафолати қарзҳо таъсис дода шавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи соҳибкорон ва мардуми шарифи Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар таҷдиду сохтмони роҳҳо, бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, бахусус, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ ва дигар корҳои ободониву бунёдкорӣ аз самими қалб миннатдорӣ баён намуданд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду пешрафти соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ ва нақлиёт, маблағгузории ин бахшҳо, татбиқи лоиҳаҳои калон ва амалисозии барномаҳои стратегии онҳоро таҳлил намуданд.
Зимни ироаи Паём ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, бахшҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, занон, ҷавонон ва варзиш таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Аснои суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор пешниҳодҳоро манзури иштирокдорони чорабинӣ карданд, аз ҷумла пешниҳод гардид, ки Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омўзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омўзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил дода шавад.
Инчунин, ба Ҳукумати кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки барои дар пойтахти кишвар бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ ва бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврўз, суннату анъанаҳои башардўстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда бунёд кардани Маркази байналмилалии Наврўз чораҳои мушаххас андешанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти имкониятҳои имрўзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки аз 1 сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз ва музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шаванд.
Дар баробари ин, супориш дода шуд, ки бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз 1 сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия карда шаванд.
Дар ин зимн, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад ва дар ин ҷода минбаъд низ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Гуфта шуд, ки соли 2026 барои мардуми кишвар соли таърихӣ — соли ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аст. Аз 29 ҳазор иншооту биноҳои ба ифтихори ҷашни 35-солагӣ ба нақша гирифташуда то имрўз 26 ҳазори онҳо ба истифода дода шудаанд, ки беш аз 70 фоизашон аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандон мебошад. Изҳори бовар карда шуд, ки то ҷашни муқаддаси миллӣ шумораи онҳо аз 30 ҳазор мегузарад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таҷлили 35-солагии истиқлол пешниҳод намуданд, ки соли 2026 — Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ эълон карда шавад.
Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми шарафманди тоҷик аҳлонаву сарҷамъона минбаъд низ ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон ва ободии Ватани азизамон заҳмат мекашанд.
Судяи суди вилояти Хатлон
Мирзозода Абдуҷаббор Азиз
Суди вилояти Хатлон 




