САРФАКОРОНА ИСТИФОДА БУРДАНИ НЕРЎИ БАРҚ

Барқ яке аз муҳимтарин асосҳои пешрафт ва зиндагии муосир ба ҳисоб меравад. Қувваи барқ як шакли муҳими энергия буда, заминаи зиндагии муосир ва рушди пешрафтро фароҳам меорад. Тавре маълум аст, бо фаро расидани фасли тирамоҳ ва зимистон мушкилӣ бо нерўи барқ дар кишвар ба мушоҳида мерасад, ки ин ба худ сабабҳои зиёд дорад. Аз ҳаёти рўзмарраи мардум то фаъолияти корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, хизматрасонии тиббӣ-ҳар соҳа ва зиёд гардидани биноҳои баландошиёна дар шаҳрҳо ва ноҳияҳо ба нерўи барқ ниёз доранд.

Дар Тоҷикистон, ки аксаран истеҳсоли барқ аз нерўгоҳҳои барқи обӣ вобаста аст, баъзан мушкилоти мавсимӣ ба миён меояд, яъне кам будани боришот таъсири табиат ва монанди инҳо чандин омилҳои дигар боиси ба миён омадани мушкилоти барқ мегардад. Дар чунин ҳолатҳо, давлат маҷбур мешавад низоми “Лимит” ё қатъшавии мувақатии барқиро ҷори кунад.

Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо андешидани татбирҳои оқилонаву сарвақтӣ дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2025 супориш доданд, ки масъалаи насби панелҳои офтобӣ ва бодӣ, ки  ҳамоҳангсозии истифодаи онҳо бо шабакаҳои барқии кишвар мавриди омўзиш қарор дода шавад. Зеро барои кам кардани вобастагӣ аз об, истифодаи энергияи офтобӣ ва бодӣ метавонад як роҳи устувор барои кишвар бошад.

Чунки фарҳанги истифодаи сарфакоронаи нерўи барқ дар байни мардум васеъ тарғиб гардад.

Зеро дар Тоҷикистон дар як сол тақрибан 2800 то 3000 соат нурдиҳии офтоб вуҷуд дорад ва ин маънои онро дорад, ки рўзҳои офтобӣ дар кишвар зиёда аз 230 рўз мешаванд (агар ба ҳисоби миёна ҳар рўз тақрибан 7-8 соат офтоб бошад).

Роҳбари давлат ҳамчун сиёсатмадори дурандешу хирадманд ҳамаи паҳлуҳои ҳаётро ба инобат гирифта, чунин пешниҳоди наҷибро карданд. Дар як шароите, ки хушксолӣ дар дунё таҳдид дорад ва пиряхҳо, ки манбаи адонашавандаи асосии об мебошанд, рўз ба рўз талаф ёфта истодаанд, обхезиҳо баъзе кишварҳои дунёро фаро гирифта, ҷангалу бешазорҳои зиёди дунё сўхта нобуд шуда истодааст, ин ҳама аз таъсири инсоният ба табиат мебошад.

Президенти кишварамон ҷиҳати аҳмияти хоса додан ба энергияи офтобӣ як сол қабл, аниқтараш дар ҷаласаи Шўрои миллии рушд, ки 10 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, таъкид намуданд, ки “Истифодаи васеи сарчашмаҳои алтернативии барқароршавандаи нерўи барқ, пеш аз ҳама, нерўи офтобӣ, нерўи бодӣ бахусус дар минтақаҳои деҳот ва кўҳистон ба дастрасии пурраи аҳолӣ ба нерўи барқ, баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум, ҳифзи муҳити зист, инчунин ба роҳ мондани технологияҳои муосири “ сабз” ва ташкили истеҳсолоти илмталаб мусоидат менамояд”.

Инчунин, такид доштанд, ки панелҳои офтобӣ ва бодӣ партов ва садои зиёде надоранд, бинобар ин муҳити зистро ифлос намекунанд. Онҳо барои ҳайвоноту наботот хатар надошта, бо табиат ҳамоҳанг кор мекунанд.

Тақрибан 95 фоизи нерўи барқи Тоҷикистон дар нерўгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад. Мавсимҳои тирамоҳу зимистон одатан бо камшавии ҷараёни дарёҳо ва пастшавии сатҳи об дар обанборҳо ҳамроҳанд. Вақте об кам мешавад, нерўгоҳҳо наметавонанд ба таври пурра кор кунанд, ки боиси камбудии барқ мегардад.

Барои ҳамин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об диққати ҷиддӣ дода буданд, ки тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи гузашта ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф гардид, баъдан аз минбари бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки солҳои 2018-2028 даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рўшди устувор» эълон гардад, ки кулли иштирокдорони иҷлосияи Созмони Милали Муттаҳид онро пазируфтанд.

Чанд ҳафтаи охир мардум дар шаҳрҳо ва ноҳияҳо шикоят доранд, ки таъминоти барқ “номутадил” аст (яъне лимит, қатъшавӣ ҷори шудааст).

Дар фасли зимистон талаботи барқ ба таври назаррас зиёд мешавад, зеро мардум аз таҷҳизоти гармдиҳӣ истифода мебаранд. Аммо дар ҳамин фасл иқтидори нерўгоҳҳо маҳдуд мешавад- ин омилҳо ба оварда мерасонад, ки дар ҷумҳури оиди нери барқ лимит ҷори карда шавад.

Барои ин бояд мо барқро дуруст истифода барем, яъне хомўш кардани чароғҳои нолозим, истифодаи лампаҳои каммасраф, идоракунии дурусти таҷҳизот истеъмолро дар сатҳи хонаводагӣ кам кардан лозим аст.

Инчунин, дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус боб, яъне боби 23 вобаста ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи энергетика ва истифодаи захираҳои энергетикӣ бахшида шудааст.

Дар моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  санаи15.04.2025 сол тағйирот ворид карда шудааст, ки мувофиқи тағйиротҳои охирини моддаи мазкур   барои истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайват шудан(насб шудан) ба шабақаҳо ва дастгоҳҳи таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ,  ва гармӣ бе асбобҳои зарури назорати ва баҳисобгирии ё бе шартнома бо ташкилотҳои таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳоии андозгирӣ, инчунин аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқи ва тағйир одани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, ҳангоми набудани аломати таркиби ҷитноятро ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ба шахсони масабдор аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳотаъин намуданро пешбини намудааст.

Ба ғайр аз ин вобаста ба вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ бошад, дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 15.04.2025 сол тағйирот ворид шуда, моддаи 253 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова карда шудааст, тибқи моддаи мазкур  барои аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, инчунин истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, агар чунин кирдор дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то панҷсаду чилу ҳафт, нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол  пешбини карда шудааст.

Мувофи қисми 2 ҳамин моддаи мазкур ҳамин кирдор агар, а)ба миқдори калон, б) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ ва в) аз ҷониби гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад, бо ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то шаш сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол пешбини кардааст.

Тибқи қисми 3 моддаи мазкур кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюм ҳамин модда агар а) ба миқдори махсусан калон ва б) аз ҷониби гурўҳи муташакил ё иттиҳоди ҷинолятӣ (ташкилоти ҷинояти) содир шуда бошад, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз шаш то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазоро доданро пешбини кардааст.

Дар анҷоми суханам гуфтаниям, ки имрўз ҳар як шаҳрванди худогоҳ бояд дарк намояд, ки истфодаи оқилонаву сарфакоронаи нерўи барқ на танҳо эҳтиром ба манфиати миллӣ, балки эҳсоси баланди ватандорӣ низ мебошад. Тавре, ки Пешвои миллат таъкид менамоянд, “Истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат мебошад ва танҳо бо заҳмати дастаҷамъона ба он метавон расид”.

Дустони гироми ба ҳар як шумо-саломативу сарбаландӣ, иқболи нек, хонаи обод ва барори кор орзу дорам. Ҳамеша сарбаланд бошед.

 

Судяи суди

вилояти Хатлон

Холиқзода А.А.