Машғулияти семинарии судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар (30.01.2026 сол)

Санаи 30 январи соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи бинои Кохи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар машғулияти семинарии судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои моҳи январи соли 2026 баргузор гардид.







Дар семинари мазкур судяҳои масъул тибқи Нақшаи гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ дар мавзуҳои гуногун баромад намудан.
Инчунин дар семинар дигар масъалаҳое, ки ҳангоми баррасии парвандаҳо ташвишовар мебошанд, ин яъне дуруст татбиқ намудани меъёрҳои моддӣ ва мурофиавӣ, даст назадан ба кирдорҳои пастзанандаи шаъну шарафи судягӣ, пишгирии омилҳои коррупсионӣ дар судҳо, хушмуомила будан бо шаҳрвандон ва сари вақт бо сифат баррасӣ намудани парвандаҳо ва коркарди сомонаҳои расмии судҳо мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифта шуд.
Суди вилояти Хатлон 




