Ҷаласаи кории Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раисони судҳо, судяҳои суди вилоят ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон
Санаи 1 майи соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Донигоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷаласаи корӣ бо иштироки Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, раиси суди вилоят, муовинони раиси суди вилоят, судяҳои суди вилоят, раисони ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардид.


Дар ҷаласа масъалаи муҳими таҳлили сабабҳои тағйирёбӣ ва бекоршавии санадҳои судӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд. Зимни баррасӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба омилҳое равона гардид, ки ба паст гардидани устувории санадҳои судӣ таъсир мерасонанд, аз ҷумла риоя нагардидани талаботи қонунгузорӣ, нокифоя будани таҳқиқи ҳолатҳои воқеии парвандаҳо ва камбудиҳо дар татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ.




Раиси Суди Олӣ зимни суханронии худ таъкид намуд, ки баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо, таҳкими донишҳои касбӣ ва масъулияти судяҳо дар қабули қарорҳои қонунӣ ва асоснок аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳокимияти судӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, зикр гардид, ки ҳар як санади судӣ бояд ҳамчун намунаи адолат ва волоияти қонун хизмат намояд.


Иштирокчиёни ҷаласа оид ба масъалаҳои мавриди баррасӣ андешаҳои худро иброз намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва пешгирии такрори онҳо пешниҳодҳои мушаххас манзур карданд.
Дар фарҷоми ҷаласа ба судяҳо ҷиҳати беҳтар намудани сифати баррасии парвандаҳо, таъмини якхела татбиқ намудани қонунгузорӣ ва таҳкими интизоми хизматӣ, пешгирии фасодкорӣ дар судҳо, интизоми меҳнат, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, иҷрои санадҳои судӣ ба хусус таъмини иҷрои санадҳои судие, ки бо ҷазоҳои ҷаримаҳо ва рӯёнидани боҷҳои давлатӣ алоқаманданд дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Суди вилояти Хатлон 




