Мулоқоти кории Раиси Суди Олӣ бо кормандони дастгоҳи суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон

Санаи 1 майи соли дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон мулоқоти Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад бо кормандони дастгоҳи суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардид.

 

Дар мулоқот Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад дар бораи интизоми меҳнат, пешгирии амалҳои коррупсионӣ, хушмуомила будан бо шаҳрвандон, таҳияи саривақтии протоколҳои маҷлиси судӣ ва иҷрои бемайлони вазифаҳои ба заиммаашон гузошташуда, инчунин дар хусуси худогоҳиву ватандустӣ, ободониву саҳмгузорӣ ба ҳама корҳои ҷамъиятӣ ба хусус чорабинии таърихӣ ба монондӣ 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ саханронӣ намуданд.

Дар фарҷом ба ҳамаи кормандони дастгоҳи судҳо барои хизматӣ софдилона ба халқу Ватани худ миннатдори баён намуда, таъкид карда шуд, ки тарафдори сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, баҳри хурраму сарсабзии кишвари азизамон содиқона хизмат намоянд.