Раванди омӯзиш ва пайвастшавии Суди вилояти Хатлон ба низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ
Санаи 8 июни соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон омӯзиш ва пайвасткунонии суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ҷараён гирифт.



Омӯзиш ва пайвасткунонии низоми зикршударо ёрдамчии Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Орзмуродов Ҳилолудин ва мутхассисони шуъбаи иттилоот дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуда, дар он раиси суди вилоят муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор, муовинони раиси суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди вилояти Хатлон иштирок варзиданд.


Ҳангоми пайвастшавӣ ба низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ тарзи истифодабарӣ ва коркарди барномаи нозоми ягонаи ҳуҷҷатгузорӣ ва фиристодани паёмакҳои иттиллоотӣ омӯзонида шуд.



Суди вилояти Хатлон 




