Қабули шаҳрвандон (01.06.2022 сол)

 

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» рӯзҳои чоршанбе ва шанбе аз тарафи раиси Суди вилояти Хатлон қабули шаҳрвандон баргузор гашта, дар он арзу шикоятҳои шаҳрвандон шунида шуда, ҳаллу фасл мегарданд.

Новобаста аз он, ки қабули раиси суди вилоят тибқи ҷадвали рӯзҳои қабул дар рӯзҳои  чоршанбе ва шанбе муайян карда шудааст, шаҳрвандоне, ки аз ноҳияҳои дурдаст барои муроҷиат ба суди вилоят ҳозир мешаванд аз тарафи раиси суди вилоят қабул карда мешаванд.